Аҳмадзода аз аҳволи Оқил Оқилов хабар гирифт

Раҷаббой Аҳамадзода дар сафар ба шаҳри Бӯстон аз аҳволи собиқ нахуствазири кишвар Оқил Оқилов ва собиқадори меҳнат, сокини шаҳри Бӯстон Алла Ғаниева хабар гирифт

ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд, раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадори меҳнат ва  ходими сиёсӣ Оқил Оқиловро аёдат намуд.

Шодихон Ҷамшед ва Абдураҳмон Қодирӣ дар меҳмонии Фарзона - Sputnik Тоҷикистон
Туҳфаҳои Шодихон Ҷамшед ба Оқил Оқилов ва дар меҳмонии Фарзона

Раиси вилояти Суғд қайд кардааст, ки саҳми Оқил Оқилов дар пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ назаррас буда, мавсуф солҳои зиёд дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда, аз ҷумла то замони ба нафақа баромаданаш дар вазифаи Сарвазири Тоҷикистон фаъолият бурдааст.

“Имрӯз соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат рушд ёфта, кишвари моро дар арсаи ҷаҳон чун мамлакати рӯ ба рушд мешиносанд. Барои таъмини рушди соҳаҳои гуногун хизматҳои шахсиятҳое чун Оқил Оқилов назаррас буда, давлату Ҳукумат меҳнатҳои собиқадоронро ҳамеша қадр мекунад”,- таъкид доштааст Аҳмадзода.

Ҳамзамон қайд зикр шудааст, ки дар охир Оқил Оқилов изҳори сипосмандии худро ба Эмомалӣ Раҳмон ва Мақомоти вилояти Суғд баён намудааст.

Инчунин Раҷаббой Аҳмадзода аз ҳоли собиқадори меҳнат, сокини шаҳри Бӯстон Алла Ғаниева хабар гирифта, ба ӯ кӯмакҳои моддӣ расонид.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала