142 сол пас: пешниҳоди номгузорӣ кардани Пётри Кабир ба Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Маҷлиси вакилони халқи Тоҷикобод пешниҳод кардааст, ки номи қаторкӯҳи “Пётри Кабир” дар қаламрави ноҳия ба “Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ” табдил дода шавад

 ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Қадриддин Фақеров, раиси ноҳияи Тоҷикобод, дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин қарор аз сӯи маҷлиси вакилони халқи ноҳия ба тасвиб расид.

Скульптурная фигура гладиатора - Sputnik Тоҷикистон
Озар – гладиатори тоҷик, дӯсти Спартак, шаҳрванди Рим ва чеҳраи ношинохтаи таърих

“Пешниҳоди тағйири номи қаторкӯҳ дар дойираи барномаи табдили номҳои ҷуғрофиёӣ, ки дар саросари кишвар идома дорад, анҷом мегирад. Вакилони халқи ноҳия пешниҳод карданд, ки қаторкӯҳи мазкур ба нишони эҳтиром ва бузургдошт ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, сардафтари адабиёти тоҷику форс гузошта шавад. Боз пешниҳод шудааст, ки чанд номи ҷуғрофии дигар низ дар ноҳия табдил дода шаванд”, - гуфт Қадриддин Фақеров.

Қаторкӯҳи Пётри Кабир, ки номи аввалин императори Русия Пётри Якум (1672 – 1725) – ро дорад, аз байни дарёҳои Сурхобу Хингоб гузашта, миёни қаторкӯҳҳои Академияи илмҳо ва Дарвоз, умдатан ҳудуди ноҳияи Тоҷикобод ва водии Рашт ҷойгир аст.

Он соли 1878 аз сӯи экспедитсияи Василий Ошанин кашф шуда, ба номи Пётри Кабир гузошта шуда буд. Дар ҳамин ҳол, раиси ноҳияи Тоҷикобод мегӯяд, пешниҳоди мазкур ба идораҳои болоӣ ирсол ва тасмим дар сатҳи боло гирифта мешавад.

“Аввал, бояд ҳукумат ин пешниҳодро арзёбӣ кунад, сипас, бо пешниҳоди ҳукумат Маҷлиси намояндагон онро ба баррасӣ мегирад”, - гуфт Қадриддин Фақеров.

Тағйири номҳо дар кӯҳистони Тоҷикистон бори аввал нест. Соли 1999 қуллаи Коммунизм, ки баландтарин қуллаи Иттиҳоди Шӯравӣ (7495 метр) ба ҳисоб мерафт, ба номи Исмоили Сомонӣ, асосгузори давлати Сомониён, соли 2006 қуллаи Ленин ба қуллаи Абӯалӣ ибни Сино ва қуллаи Инқилоб ба қуллаи Истиқлол табдили ном карда буданд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала