Аз баҳси барқрасонӣ то омодагӣ ба ҷашнҳои бузурги соли 2021 дар ҷаласаи Ҳукумат

© акс аз дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонҶаласаи Ҳукумати Тоҷикистон
Ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Омодагӣ ба ду ҷашни бузург ва таъмини барқ ба аҳолӣ аз ҷумлаи мавзӯъҳои меҳварии ҷаласаи ахири Ҳукумати Тоҷикистон будаанд

ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷаласаи Ҳукумат, ба роҳбарияти сохторҳои марбута дар бораи  омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва Наврӯзи байналмилалӣ дастур додаст.

Электрик устанавливает современные электросчетчики, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дуздии барқ дар корхонаи давлатӣ ба маблағи беш аз 130 ҳазор сомонӣ

Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон хостори вусъати корҳои ободонию созандагӣ, таъмини нерӯи барқ ва гармӣ ба аҳолию дигар истеъмолкунандагон шудааст. Ӯ махсусан истифодаи самараноки нерӯи барқ ва пардохти ҳаққи истифодаи онро таъкид кардааст.

Зимни Маҷлис инчунин лоиҳаи як қатор қонунҳо қабул гардида, баъзе барномаҳои нави давлатӣ дар бахшҳои гуногун баррасӣ шудаанд.

Ба иттилои котиботи раисиҷумҳур, аз ҷумла Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои давраи то соли 2030, Дар бораи Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Дар бораи Барномаи давлатии рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025, Дар бораи Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2021 ва Дар бораи Барномаи ҷорӣ намудани низоми идоракунии дороиҳои роҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024 мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала