Мусодираи бозичаю ғизоҳои хатарнок дар Кӯлоб

© Pixabay/condesignМягкие игрушки. Архивное фото
Мягкие игрушки. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии минтақаи Кӯлоб дар ёздаҳ моҳи соли 2020 бо сабаби хурӯҷи бемории коронавирус санҷишҳои нақшавиро кам намудаанд

ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Даврон Ахмедов, сардори Маркази мазкур мегӯяд, танҳо дар баъзе аз муассисаву ташкилот санҷиши мониторингӣ гузарониданд, ки баъзе аз камбудиҳо дар фаъолияти муассисаву ташкилотҳоро ошкор кардаанд.

Гардиши мошинҳои сайёр бо баландгӯякҳо дар мавриди истифодаи нерӯи барқ дар Кӯлоб - Sputnik Тоҷикистон
Амри раиси Кӯлоб: дар шаҳр мошинҳои сайёр бо баландгӯякҳо гардиш доранд

“Нисбат ба 728 нафар шахсони масъул протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, онҳо ба маблағи 139 ҳазору 838 сомонӣ ҷарима баста шуданд. Ҳамчунин, фаъолияти 82 иншоот то бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта манъ ва 22 парвандаи дигар ба суд ирсол гардид”, - хабар додааст нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли Ахмедов.

Ӯ афзудааст, ки аз дӯкону мағозаҳои фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ, бозор ва нуқтаҳои савдои дар минтақа фаъолияткунанда ҷамъ, 3 тоннаю 657 килограмм маҳсулоти пастсифат ва муҳлаташон гузашта ва 22 навъи бозичаи кӯдаконаро муайян карда, аз муомилот боздоштанд, ки маблағи умумии онҳо 21 ҳазору 442 сомониро ташкил медиҳад.

“Кормандони марказ агар маҳсулоти пастсифат ё муҳлаташон гузаштаро сари вақт дар нуқтаҳои савдою хизмат­расонӣ ошкор намекарданд, ба бемориҳои гуногуни сироятӣ гирифтор шудани шумораи зиёди шаҳрвандон аз эҳтимол дур набуд”, - таъкид намудааст Даврон Ахмедов.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала