Пардохти беш аз 1 миллион сомонӣ қарзи ҳаққи истифодаи барқ аз сӯи сокинони ноҳияи Рӯдакӣ

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузаштан ба хазинаи аксЭлектрик устанавливает современные электросчетчики, архивное фото
Электрик устанавливает современные электросчетчики, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар ноҳияи Рӯдакӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ нисбат ба сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ натиҷа дод. Дар ин минтақа аз 15 то 29 декабри соли равон зиёда аз 1 миллион сомонӣ қарзи ҳаққи истифодаи барқ аз ҷониби аҳолӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ пардохт гардид

ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Дар ин муддат барои дуздӣ, яъне  ғайриқонунӣ истифодабарии неруи  барқ 32 адад санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо маблағи ҷаримаи 78 ҳазор сомонӣ тартиб дода шуд, ки аз он алакай 43 ҳазору 510 сомонӣ пардохт гардидааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Ховар” дар истинод ба сардори Шабакаҳои барқи ноҳияи Рӯдакӣ Хуршед Умаров.

Линия электропередачи - Sputnik Тоҷикистон
Пардохти 2 миллион сомонӣ қарзи нерӯи барқ дар шаҳри Турсунзода

Тибқи иттилои манбаъ, дар ноҳия Рӯдакӣ дар муддати аз  15 то 29 декабр  264 ҳазор киловатт-соат қувваи барқ сарфа  гардидааст, ки дар натиҷаи сарфакорона истифода бурдани он  сокинони ноҳия ба буҷети оилаҳояшон  фоида оварданд.

Хуршед Умаров  иброз доштааст, ки дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 адад коргоҳҳои нонпазӣ ва зиёда аз 10 адад ҳаммомҳои замонавӣ мавҷуд мебошанд, ки баҳри сарфакорона истифода бурдани неруи барқ имрӯзҳо бо ҳезум ва ангишт фаъолият менамоянд ва қувваи барқро танҳо барои рушноӣ истифода мебаранд.

Гуфта шудааст, ки имрӯзҳо дар фасли зимистон дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Рӯдакӣ аз ҳисоби соҳибкорон 95 нуқтаи фурӯши ангишту ҳезум ба таври доимӣ ва сайёр, инчунин  55 нуқтаи фурӯши гази моеъ фаъолият дошта, дар сарфакорона истифодабарии қувваи барқ дар байни аҳолӣ саҳми муносиб  доранд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала