Пизишкон ва пиронсолон: вазир гуфт киҳо аввал ба ваксинатсия фаро гирифта мешаванд

CC BY 2.0 / Marco Verch Professional Photographer / Hand injecitng vaccine into the earthВакцинация населения
Вакцинация населения - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири тандурустии Тоҷикистон таъкид кардааст, ки яке аз самти асосӣ дар раванди мубориза бо бемории коронавирус ин гузаронидани ваксинатсияи аҳолӣ мебошад

ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар суҳбат бо “Ховар” қайд кардааст, ки бо мақсади тақсимоти одилонаи ваксина дар байни гурӯҳҳои афзалиятноки аҳолӣ аз ҷониби Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ чорабиниҳо гузаронида, оид ба ин масъала дастурамал таҳия ва қабул карда шуд.

“Тибқи дастурамали мазкур, пеш аз ҳама, бояд дастрасӣ ба кормандони соҳаи тандурустӣ ва иҷтимоӣ, ки хатари баланди сироятёбиро доранд, пиронсолон ва онҳое, ки аз бемориҳои музмини ғайрисироятӣ, аз ҷумла бемориҳои дилу рагҳо, диабети қанд, метаболитикӣ (фарбеҳӣ) азият кашида, хавфи баланди талафоти ҷонӣ доранд, таъмин карда шаванд”, - зикр кардааст вазир.

Инчунин вай афзудааст, ки дар ин самт Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар робита бо ташаббуси Алянси глобалии ваксина ва иммунизатсия, ки механизми байналмилалии COVAX-ро ташкил намуда, бевосита ба ҳамоҳангсозии чорабиниҳо ҷиҳати ҷамъоварии маълумот оид ба бақайдгирии давлатҳои ниёзманд (92 давлати ҷаҳон) барои расонидани кӯмакҳо бо мақсади таъмини онҳо бо ваксина бар зидди сирояти COVID-19 фаъолият дорад, гурӯҳи кории техникиро дар ҳайати сармутахассисони соҳавӣ, коршиносон ва намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ барои омодабошӣ ба воридкунии ваксинаи зидди сирояти COVID-19 таъсис дод.

Медицинский работник в санитарном шлюзе городской клинической больнице - Sputnik Тоҷикистон
Хуштарин хабарҳои сол: имрӯз дар Тоҷикистон касе бо “вируси корона” сабт нашуд ва боз...

“Аз ҷониби гурӯҳи мазкур тибқи дархости механизми COVAX гурӯҳи мақсаднок аз ҳисоби шумораи умумии аҳолӣ барои фаро гирифтан бо ваксинатсия бар зидди сирояти COVID-19 муайян гардид, ки он 1,8 миллион нафар ва ё 20 фоизи аҳолии умумии мамлакатро ташкил медиҳад”, - таъкид дошт Ҷамолиддин Абдуллозода.

Ба гуфтаи вази, ба ин гурўҳ кормандони соҳаи тиб, маориф, аҳолии аз 50- сола боло ва шахсони гирифтори бемориҳои музмини ғайрисироятӣ дохил карда шудаанд.

Шумораи мақсадноки аҳолӣ ба Алянси глобалии ваксинаҳо ва иммунизатсия санаи 7 декабри соли 2020 ирсол шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ба рўйхати давлатҳои дархосткунандаи ваксина бар зидди сирояти COVID-19 ба механизми COVAX шомил гардид.

Дар назар аст, ки теъдоди зарурии ваксина барои гурӯҳҳои номбаршуда аз ҷониби механизми COVAX ба ҷумҳурӣ тариқи кумаки башардўстона пешниҳод мешавад.

“Ғайр аз ин, барои харидории ваксина аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонӣ  3 миллион доллар ҷудо гардида, иловатан ҷудо намудани 5 миллион доллари америкоӣ дар назар дошта шудааст”, - гуфт вазири тандурустии Тоҷикистон.

Лентаи хабарҳо
0