Роҳро тоза накарданд: Вазири нақлиёт як кормандашро озоду дуи дигарро танбеҳ дод

© Пресс-служба правительства Кыргызской республикиЗаместитель премьер-министра Таджикистана Азим Иброхим, архивное фото
Заместитель премьер-министра Таджикистана Азим Иброхим, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон барои хунукназарӣ  як мақомдори ин ниҳодро аз вазифа барканору ду нафари дигарро танбеҳ додааст

ДУШАНБЕ, 26 дек - Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии вазорат, барои саривақт тоза накардани роҳ ва истифода набурдани  маводи зиддилағжиш дар роҳи  мошингарди Душанбе – Қалъаихум — Хоруғ, дар минтақаи Ваҳдат – Норак, ки боиси банд гардидани ҳаркати нақлиёт шуд, сардори идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Ҳисор Самад Салим аз вазифа озод гардид.

Ба иттилои манбаъ, ҳамзамон ба сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳои автомобилгарди ноҳияи Ваҳдат Карим Расулов ва сардори шуъбаи банақшагирии Раёсати сохтмон ва хоҷагии роҳҳо Эгамбердӣ Хӯҷаев танбеҳ дода шуд.

Азим Иброҳим дар ҷаласаи назоратии вазорат  изҳори нигаронӣ кард, ки новобаста аз он, ки тамоми корхонаву муассиаҳои вазорат  тибқи нақшаи тасдиқшуда бо маводи зиддилағжишу техникаи роҳнигоҳдорӣ таъминанд, вале аз хунукназарии мутасаддиён ҳолатҳои сари вақт тоза нагардидани роҳ аз барф ба мушоҳида мерасад, ки ин боиси банд шудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар баъзе минтақаҳо мегардад.

Министр транспорта Таджикистана Азим Иброхим, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Азми Азим Иброҳим барои рақамикунонии соҳаи нақлиёт

Вазир изҳор дошт, ки сардиҳои зимистон нав оғоз шуданд ва тибқи пешгӯии мутахассисони обуҳавошиносӣ дар пеш боришоту сардӣ пешбинӣ гардидааст ва мо бояд ҳар дақиқа омода бошем, то ҳаракати нақлиёт дар роҳҳо таъмин бошад.Ба масъулини соҳа супориш дода шуд, ки пайваста дар ҳолати омодабош қарор дошта, техникаву механизмҳои роҳнигоҳдорӣ бояд пайваста омодаи кор бошанд.

«Барои ба саҳлангорӣ роҳ додан ва бо айби муассисае агар ҳаракати нақлиёт дақиқае банд гардад, мутасаддиён ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд, — таъкид кардааст, Азим Иброҳим.

Бовиҷдон бошед: Азим Иброҳим роҳдоронро гуфт, маблағҳоро эҳтиёт кунанд 

Номбурда ҳамчунин аз он изҳори норозигӣ кард, ки новобаста аз он ки шахсан бо роҳбарони корхонаву ҷамъиятҳои нақлиётӣ вохӯрӣ намуда, барои ба зимистонгузаронӣ омодагӣ дидан дастурҳо дода буд, вале ҳанӯз ҳам на ҳамаи ҷамъиятҳо ба ин масъала ҷиддӣ муносибат мекунанд.

“Ҳанӯз ҳам ронандаҳо бе омодагӣ ба зимистон, яъне бо чархҳои тобистона (капронӣ), бе занҷиру бел ва ҳатто бе омода будани мошинашон ба зимистон ба сафар мебароянд. Воситаи нақлиёташон дар роҳ ё вайрон мешавад ё ба ағабаҳо баромада натавониста, ҳаракати нақлиётро банд мекунанд. Баъзан дар ин масъала нозирони роҳ ҳам хунукназарӣ менамоянд”,-таъкид кардааст, вазир.

Гуфта мешавад, барои зимистонгузаронӣ аз суи вазорат ҳама чораҳо пешбинӣ шуда, Ситоди фаврии доимоамалкунанда таъсис дода шуда, ҳамзамон барои тоза кардани роҳҳо маводи сухту лавозимоти зарурӣ барои коргарон пешниҳод низ шудаас

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала