Се духтару ду писар: сокини ноҳияи Қубодиён панҷгоник таввалуд кард

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кардааст, ки Дилноза Маматова сокини ноҳияи Қубодиён панҷгоник таввалуд кардааст

ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуоти вазорати тандурустӣ, ахиран дар Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон” истиқоматкунандаи деҳаи Б.Ғафуров, ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон Дилноза Маматова панҷгоник таваллуд намуд.

 Младенцы , новорожденные. - Sputnik Тоҷикистон
Ду духтар ва ду писар: зане дар Душанбе чоргоник таваллуд кард

Манбаъ таъкид доштааст, ки панҷгоникҳо се духтар ва ду писар мебошанд.

Гуфта шуд, ки зан аз 11 декабри соли равон дар муассисаи мазкур зери назорати табибон қарор дошт  ва 30 декабр таваллуд кард.

Таъкид шудааст, ки барои шиносоӣ бо вазъи саломатии Дилноза Маматова ва тифлҳои он имрӯз, 31 декабри соли равон муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода ба муассисаи мазкур сафар кард.

Аснои боздид номбурда бо вазъи саломатии панҷгоникҳо ва модари онҳо Дилноза Маматова  шинос шуда, барои беҳтар расонидани хизматрасонии тиббӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

© Минздрав РТМуовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии и Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода
Се духтару ду писар: сокини ноҳияи Қубодиён панҷгоник таввалуд кард - Sputnik Тоҷикистон
Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии и Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода

Ҳамзамон, ба муносибати Соли нави мелодӣ аз ҷониби Зулфия Абдусаматзода ба модари панҷгоникҳо туҳфаи хотирмон тақдим карда шуд.

Манбаъ қайд кардааст, ки айни замон вазъи саломатии Дилноза Маматова ва панҷгоникҳо муътадил мебошад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала