Видеоконнфронси Тоҷикистону Эрон ба хотири бузургдошти Камол Хуҷандӣ

© Sputnik / Стас ЭтвешПамятник Камолу Худжанди в городе Худжанд
Памятник Камолу Худжанди в городе Худжанд - Sputnik Тоҷикистон
Ба ибтикори сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон ва Муассисаи фарҳангии ЭКО видеоконфронси ҳафтсадумин солгарди таваллуди Камоли Хуҷандӣ ба сурати видеоӣ баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон ва Муассисаи фарҳангии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО) ба муносибати ҷашни ҳафтсадумин солгарди таваллуди Камоли Хуҷандӣ конфронси байналмилалии "бозшинохти мероси андеша ва дониши Камоли Хуҷандӣ"-ро ба сӯрати маҷозӣ баргузор карданд, хабар додааст "Парстудей" аз қавли хабаргузории "Форс".

Камол Худжандь, таджикский поэт - Sputnik Тоҷикистон
"Девон" - и интиқодии Камоли Хуҷандӣ ба нашр расид

Ба иттилои мнабаъ, дар ин ҳамоиши маҷозӣ Сарвар Бахтӣ, раиси Муассисаи фарҳангии ЭКО, Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон, Абдуғаффор Ливол, сафири Афғонистон, Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, Муҳаммадризо Пурмуҳаммадӣ, устондори Озарбойҷони шарқии Эрон суханронӣ карданд ва ҳафтсадумин зодрӯзи ғазалсарои бузурги Машриқзаминро ба ҳаводорони шеъру адаб дар Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва дигар кишварҳои узви ЭКО табрик гуфтанд.

Дар ин конфронс ҳамчунин пажуҳишгароне аз Тоҷикистон, Афғонистону Эрон дар мавриди ҷанбаҳои мухталифи зиндагӣ ва осори Камоли Хуҷандӣ суханронӣ карданд.

Соли 2020 ба муносибати ҳафтсадумин солгарди таваллуди Камоли Хуҷандӣ, Муассисаи фарҳангии ЭКО дар ҳамкорӣ бо сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон китобҳои рӯзгор ва осори Камоли Хуҷандӣ ва “чиҳил дарс”-и Камолро ба хати форсӣ ва албоми сурудҳои овозхонони тоҷик ва ашъори Камолро мунташир кард.

Илова бар ин, намоишгоҳи маҷозии осори хушнивисӣ ва наққошӣ бо номи “Булбули чаманҳои Хуҷанд” дар маърази диди мухотабон қарор гирифт.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала