Аҳсан, Раъно: президент хулосаҳояшро аз баргузории озмуни "Фурӯғ" гуфт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон баргузории озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст"-ро падидаи неку хотирмони соли 2020 номид

ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми ироаи паёми солинавӣ ба ғолибони озмуни "Фурӯғи субҳи донои китоб аст" аҳсан хонд.

Ӯ баргузории ин озмунро падидаи неку хотирмони соли 2020 номид.

Раъно Насриддинова, барандаи шоҳҷоизаи озмуни Фурӯғ - Sputnik Тоҷикистон
Барандаи Шоҳҷоизаи “Фурӯғ” аз зебоии олами адабиёту муҳити хароби фарҳангӣ дар шаҳр гуфт

"Ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббус баланд бардоштани сатҳи саводу маърифати аҳли ҷомеа, пеш аз ҳама, наврасону ҷавонон, ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, эҳтиром гузоштан ба забону таъриху фарҳанги қадимаи тоҷикон, тавсеаи ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои табииву дақиқ ба шумор меравад", - таъкид кард вай.

Президент гуфт, ба ҳамаи иштирокдорон аз ҷумла ғолибони озмуни "Фурӯғ" аҳсан мегӯяд.

"Бо истифода аз фурсат, ман ба ҳамаи иштироккунандагон ва хусусан, ба ғолибони ин озмунҳо аҳсан мегӯям ва бовар дорам, ки онҳо минбаъд низ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти илмиву фарҳангии мамлакат фаъолу ташаббускор хоҳанд буд", - афзуд раисҷумҳури Тоҷикистон.

Ӯ пешниҳод кард, ки дар соли 2021 ва солҳои дигар низ ин чорабиниву озмунҳо бо масъулияти баланд, омодагии боз ҳам беҳтар ва бо ҷалби шумораи ҳарчи бештари иштироккунандагон идома дода шаванд.

Ин “план”- и пахта нест: Чанд андешаи Ҳафиз Раҳмон оид ба озмуни “Фурӯғ”

Ёдрас мешавем, барандаи шоҳҷоизаи озмун Раъно Насриддинова, хонандаи синфи 11 аз Панҷакент гардид, ки бо  заковати фавқуллодааш ҳакамонро тасхир кард.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала