Мақомоти тоҷик шарти афви мухолифинро гуфтанд

© Sputnik / Амир ИсаевГенеральная прокуратура РТ, архивное фото
Генеральная прокуратура РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Мақомоти қазоии Тоҷикистон 3 ҳазор нафар аз атбои ин кишварро ба иттиҳоми мушорикат дар фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ таҳти таъқиб қарор додаанд.

ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik. Мақомоти тоҷик шарти афви мухолифинро гуфтанд, гузориш медиҳад "Парс тудэй" дар истинод ба "Топ тиҷи".

Генеральная прокуратура РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Намояндагони давлатро таҳдид кард: шарҳи Прокуратураи генералӣ аз боздошти Одинаев

Бино бар иттилои манбаъ, мақомоти қазоии Тоҷикистон ба теъдоде аз мухолифони сиёсии ин кишвар дар хориҷ пешниҳод кардаанд, ки бо ирсоли паёмҳои тасвирӣ ва ибрози пушаймонӣ аз корҳои хеш ба кишвар баргарданд, ки мавриди афв қарор хоҳанд гирифт.

"Аз ин афрод дархост шудааст, ки баргаи махсусеро пур кунанд ва бо ибрози пушаймонӣ аз корҳои хеш аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дархости афв намоянд", - менависад манбаъ.

Гуфта мешавад, ки наздик ба 5 ҳазор нафар аз атбои Тоҷикистон дар ин солҳо аз кишварҳои аврупоӣ дархости паноҳандагии сиёсӣ кардаанд.

Маҳмурод Одинаев, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон боздошт шуд

Ҳамчунин мақомоти қазоии Тоҷикистон 3 ҳазор нафар аз атбои ин кишварро ба иттиҳоми мушорикат дар фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ таҳти таъқиб қарор додаанд.

Аз дидгоҳи коршиносони мавзӯ, бозгашт ва мавриди афв қарор гирифтани мухолифони ҳукумати Тоҷикистон ба кишварашон бастагӣ ба эътимоди ду ҷониба хоҳад дошт, ки феълан бо шаку тардидҳои зиёде ҳамроҳ мебошад.

Лентаи хабарҳо
0