Навори паёми солинавии Эмомалӣ Раҳмон

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёми шодбошияш ба муносибати соли нав аз бурду бохти соли гузашта ва умедҳо аз соли навро баён дошт

Эмомалӣ Раҳмон бо соли нави мелодии 2021 кулли мардуми шарифи кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиро шодбош гуфта,  ба ҳар як фарди Тоҷикистон, пеш аз ҳама, тандурустиву осоиш, рӯзгори ободу ором ва иқболи баланд орзу намуд.

Праздничный новогодний стол - Sputnik Тоҷикистон
Аз кулчаҳои "Роҳат" то лӯлакабоби тоҷикӣ: сирри лазизтарин хӯрокҳои Душанбе фош шуд

Ба гуфтаи кишвардор, соли 2020, дар таърихи инсоният ҳамчун яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнинтарин сабт мегардад. Хусусан, дар тамоми кишварҳои дунё босуръат паҳн гардидани бемории сироятии коронавирус боиси фавти беш аз як миллиону 600 ҳазор нафар сокинони сайёра гардида, ба иқтисодиёти ҷаҳон хисороти бисёр вазнин расонид.

Дар соли сипаришуда бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои берунӣ, бахусус, бемории сироятии коронавирус, ки боиси коҳиши ҷиддии суръати рушди иқтисодиёти ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон гардид, дар натиҷаи чораҳои сари вақт амалинамудаи Ҳукумати мамлакат рушди босуботи иқтисоди миллӣ, дар маҷмӯъ, таъмин гардида, дар ҳаёти ҷомеа ва соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт пешрафту навсозиҳо идома ёфтанд, афзуд раисиҷумҳур.

Игрушка деда мороза - Sputnik Тоҷикистон
Салом Бобои Барфӣ: монандию фарқиятҳои бобои тоҷик аз дигарон

Ӯ афзуд, дар муҳити озоду демократӣ ва шаффоф баргузор гардидани ду чорабинии бисёр муҳимми сиёсӣ – интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва интихоботи Президенти мамлакат далели возеҳи пойдории сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, тавсеа ёфтани фарҳанги сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандони кишварамон ва умуман, дастоварди бузурги низоми сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол гардид.

Эмомалӣ Раҳмон дар охир гуфт, бори дигар ҳамаи сокинони сарбаланду қавииродаи кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро бо фарорасии соли нави мелодии 2021 сидқан табрик гуфта, барои ҳар яки онҳо рӯзгори босаодат, иқболи баланд, файзу баракати зиндагӣ ва ба Тоҷикистони азизамон ояндаи ободу осуда орзу менамоям.

Лентаи хабарҳо
0