Президент тоҷикистониёнро бо Соли нав шодбош гуфт

© Пресс-служба президента ТаджикистанаТаджикистан празднует День национального единства
Таджикистан празднует День национального единства - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тоҷикистониёнро бо фарорасии Соли нави мелодии 2021 шодбош гуфт

ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон тамоми мардуми тоҷик - сокинони кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиро ба ин муносибат табрик кард.

Человек идет по улице вдоль новогодних елок - Sputnik Тоҷикистон
Маълум шуд, тоҷикистониён дар Соли нав чанд рӯз истироҳат мекунанд

"Ба ҳар як фарди Тоҷикистон, пеш аз ҳама, тандурустиву осоиш, рӯзгори ободу ором ва иқболи баланд орзу менамоям", - таъкид дошт кишвардор.

Президент аз соли сипаригашта натиҷагирӣ карда, гуфт, соли 2020 дар таърихи инсоният ҳамчун яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнинтарин сабт гардид.

Эмомалӣ Раҳмон афзуд, барои Тоҷикистон низ ин сол душвориҳои худашро дошт.

"Бо вуҷуди мушкилоти зиёди дар ин давра ҷойдошта, ба таърихи навини кишварамон ҳамчун марҳалаи заҳмати содиқона ва вусъати бесобиқа пайдо намудани корҳои ободониву созандагии Ватани азизамон ворид мегардад. Зеро бо дастгирии мардуми бонангу номуси мамлакат ва ташаббусҳои соҳибкорони саховатпеша ,- бисёр иқдому нақшаҳои бунёдкорона амалӣ гардиданд"- таъкид кард вай.

 

 

Лентаи хабарҳо
0