Арабистони Саудӣ марзҳояшро боз кард

© Sputnik / Марина Лысцева / Гузариш ба медиабонкСамолет, на фоне заката
Самолет, на фоне заката - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Арабистони Саудӣ дубора марзҳояшро ба рӯи хориҷиҳо боз мекунад. Аммо бо далели хавфи намуди нави коронавирус шаҳрвандони як қатор кишварҳо наметавонанд вуруди шоҳигарӣ шаванд

ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Марзҳои Арабистони Саудӣ дубора барои вуруд боз аст, хабар медиҳад Saudi Press Agency дар истинод ба Вазорати корҳои дохилаи кишвар.

Маълум аст, ки марзи кишварро метавон аз 3 январ убур кард.

Самолет авиакомпании Uzbekistan Airways - Sputnik Тоҷикистон
Санаи парвоз миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон эълон шуд

Аммо бо далели вазъи эпидемиологӣ дар Арабистони Саудӣ тартиботи нав ҷорӣ мешаванд.

Ҳамин тавр, вуруд ба ҳудуди кишвар барои шаҳрвандоне, ки ду ҳафтаи охир дар Британияи Кабир ва Ҷумҳури ҷанубии Африқо ва дигар кишварҳое, ки ба намуди нави коронавирус дучор шуданд, мамнӯъ мемонад.

Афзун бар ин, шаҳрвандони воридшаванда бояд бо худ маълумотномаи тиббӣ оид ба надоштани коронавирус бигиранд ва аз 3 то 14 рӯз дар карантин монанд.

Аз 21 декабр подшоҳӣ марзҳояшро ба далели пайдо шудани намуди нави коронавирус дар як қатор кишварҳо баста буд. 

Теъдоди парвозҳо аз Душанбе ба Стамбул ва Дубай афзоиш ёфтанд

Пештра Умон, як кишвари дигари арабӣ низ марзҳояшро ба рӯи хориҷиҳо боз кард.

Азбаски Тоҷикистон бо ин кишвар парвозҳои мустақим надорад, интизор мерафт, ки гуфтушуниди байни ду давлат дар бораи оғози парвоз, ки пештар сар шуда буд, идома ёбанд.

Лентаи хабарҳо
0