Фоҷиа дар Соли нав: ҳалокати ду нафар аз дуди ангишт дар Ҳисор

© Flickr \ Edgar Zuniga Jr.Печь
Печь - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ду нафар - сокинони шаҳри Ҳисор дар натиҷаи заҳролудшавӣ аз гази ангишт ба ҳалокат расидаанд

ДУШАНБЕ, 4 янв – Sputnik. Фоҷиа шаби 31 декабр ба 1 январ рух додааст.

Автомобиль скорой медицинской помощи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳалокати чор узви як хонавода дар Хоразм

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, 31 декабри соли 2020 ва 1 январи соли 2021, ду сокини шаҳри Ҳисор дар натиҷаи риоя накардани чораҳои бехатарӣ аз дуди ангишт фавтидаву як нафар дар беморхона бистарӣ шуд.

Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба сокинони деҳот хотиррасон мекунад, ки системаҳои гармидиҳии оташдонҳо, ки метавонанд ба саломатӣ хатар эҷод кунанд, назорати қатъӣ дошта бошанд.

Ҷузъиёти дигари садама хабар дода нашудааст.

КҲФ ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми боридани барф ва тағирёбии ногаҳонии ҳаво бояд ҳушёрии махсус зоҳир карда шавад.
Тағирёбии ҳарорат, шамолҳои шадиди тағйирёбанда ва боридани барф метавонад ба вайрон шудани дудбароҳо ва яхбандии болои онҳо оварда расонад, ки ин дар навбати худ, боиси қатъ шудани қисман ё пурраи кашиши дуд мегардад.

Лентаи хабарҳо
0