Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо тими Уммон, Яман ва АМА бозӣ мекунанд

© ФФТТоварищеский матч. Таджикистан (U-16) - Иран (U-16)
Товарищеский матч. Таджикистан (U-16) - Иран (U-16) - Sputnik Тоҷикистон
Мусобиқаи "Ҷоми рушд - 2021" аз 30 январ то 7 феврал дар пойтахти Белорус - шаҳри Минск баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 05 янв — Sputnik. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол дар 17-ум мусобиқаи байналмилалии "Ҷоми рушд-2021" иштирок мекунад.

30-летний капитан «Истаравшана» и полузащитник национальной сборной Таджикистана Илхомджон Баротов признан лучшим футболистом страны - Sputnik Тоҷикистон
Исми беҳтарин футболбози тоҷик дар соли ҷорӣ эълон шуд

Мусобиқа аз 30 январ то 7 феврал дар пойтахти Белорус – шаҳри Минск баргузор мешавад.

Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев аллакай омодагиро ба мусобиқаи мазкур дар базаи Академияи футболи Федератсияи футболи Тоҷикистон дар дараи Алмосии Ҳисор шуруъ кард.

Шогирдони Аҳлиддин Турдиев соли гузашта дар "Ҷоми рушд" то финал баромада буданд.

Тибқи нақшаи ташкилкунандагони "Ҷоми рушд-2021", дар мусобиқа иштироки 8 даста дар назар аст. Мусобиқаи анъанавии зимистона дар толори футболи шаҳри Минск доир мегардад.

Ҳайати яккачини кишвар барои рақобати дӯстона бо Баҳрайн ва АМА дақиқ шуд

"Ҷоми рушд-2021" барои футболбозони навраси мо як марҳилаи омодагӣ ба Чемпионати Осиё маҳсуб меёбад. Дар 19-ум Чемпионати Осиё миёни наврасони то 17-сола, ки имсол дар Баҳрайн доир мешавад, Тоҷикистон дар гурӯҳи "В" бозӣ мекунад, ки ҳарифонаш дастаҳои мунтахаби наврасони Уммон, Яман ва АМА ҳастанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала