Дар Иёлоти Муттаҳида, табибе пас аз гирифтани ваксина алайҳи коронавирус фавтид

Як табиб дар иёлати Флоридаи ИМА чанд рӯз пас аз эмгузаронӣ алайҳи коронавируси нав фавтидааст

ДУШАНБЕ, 9 янв – Sputnik. Гуфта мешавад, табиб ваксинаи таҳиякардаи ширкатҳои Pfizer ва BioNTech-ро гирифтааст.

Суратҳо дар назди шиша бо навиштаҷоти ваксинаи COVID-19. Париж. - Sputnik Тоҷикистон
Чӣ гуна дар тамоми ҷаҳон одамон зидди COVID-19 эм карда мешаванд - акс

Дар ин бора Daily Mail бо истинод ба зани марҳум хабар медиҳад, менависад Газета.ру.

Ба гуфтаи ҳамсари марҳум, акушери 56-сола солим буд ва бемориҳои музмин надошт, аммо чанд рӯз пас аз ваксина ӯ аз "бемории мармузи хун" даргузашт.

“Ба андешаи ман, марги ӯ 100% марбут ба ваксина буд. Шарҳи дигаре нест ”, - гуфт зан.

Аз ширкати Pfizer ба нашрия гуфтаанд, ки онҳо марги "хеле ғайримуқаррарӣ" -и пизишкро таҳқиқ мекунанд, аммо дар ҳоли ҳозир онҳо ба иртиботи мустақим бо ваксинаи коронавирус бовар намекунанд.

Эмкунии сартосарӣ дар Иттиҳоди Аврупо: аз хонаи пиронсолон шурӯъ карданд - навор

Ёдовар мешавем, ИМА низ ваксинаи сохти худро сабт кард, ки он имрӯз дар ин кишвар ва қисме аз кишварҳои аврупоӣ дар ҳоли истифода қарор гирифтааст.

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала