Боздошти марде, ки барои дастдарозӣ ба духтарчааш муттаҳам мешавад

© Sputnik / Екатерина Чеснокова / Гузариш ба медиабонкПреступник за решеткой
Преступник за решеткой  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе фардеро, ки бо духтарандараш ҳаракати бадахлоқона мекард, боздошт намуд.

ДУШАНБЕ, 09 янв – Sputnik. Ин хабар 7 январ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук нашр шуд ва як сокини шаҳри Душанбе низ ба Sputnik Тоҷикистон муроҷиат намуда, аз вазъи ногувори зане хабар дод, ки дар назди яке аз бозорҳои шаҳри Душанбе бо тифлонаш нишаста, садақаталабӣ мекунад.

Арест, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти марде, ки дар гузаргоҳи зеризаминӣ мехост ба ҷавонзан ҳамла кунад-видео

Вай гуфт, мушкили ин зан на фақат молӣ, балки иҷтимоӣ аст.

“Ман бо ӯ суҳбат кардам ва ӯ ба ман нақл кард, ки бори дуввум ба шавҳар баромада, ду тифл ба дунё овард ва аз шавҳари аввалааш як духтари 9-сола низ дорад. Аммо шавҳари наваш бо ин духтараш ҳаракатҳои бадахлоқона анҷом медиҳад. Вақте аз ин аъмол эътироз мекунад, шавҳараш ӯро латукӯб кардааст. Ӯ ба мақомоти милиса муроҷиат намудааст, аммо ба доди ӯ нарасидаанд”, - гуфт ӯ.

Sputnik Тоҷикистон дирӯз, 8 январ, бо ин зани ҷабрдида тамос барқарор кард ва ӯ ин хабарро тасдиқ намуд.

Номи ин зан барои идора маълум аст, аммо аз овардани он худдорӣ мешавад. Sputnik Тоҷикистон ин иттилоъро дар ихтиёри Маркази матбуоти РВКД дар шаҳри Душанбе қарор дод.

Субҳи имрӯз, 9 январ аз ин Марказ хабар доданд, ки ҳодиса таҳти санҷиш қарор дода шуд ва барои таҳқиқи холисона, ҳамаҷониба ва воқеъбинона тамоми қувваю воситаҳои мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе равона гардид.

“Дар доираи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар давоми рӯз баъди нашри хабар шахсияти ҷавонзани болозикгардида бо ҳамроҳии шавҳараш муайян ва ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас карда шуданд”, - гуфт манбаъ.

Бино ба иттилои манбаъ, дар пайи санҷиш шахсе ба номи Намозалӣ Эмомалиев, мутаваллиди 7 майи соли 1989, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, боздошт шуд, ки соли 2015 бо моддаи 177 – и Кодекси ҷиноии ҶТ (саркашӣ намудан аз пардохти алимент) ҳабс шудааст ва баъди ба озодӣ баромадан бо ҷавонзани муроҷеъ оиладор ва соҳиби 2 фарзанд шудааст.

“Муайян карда шуд, ки дастгиршуда Эмомалиев марҳила ба марҳила якчанд маротиба аз набудани ҳамсараш истифода бурда, дидаю дониста, ки духтарандари 10 - солааш дар ҳолати оҷизӣ қарор дорад, дар манзили истиқоматиаш нисбати охирон ҳаракатҳои дорои хусусияти шаҳвонидошта анҷом дода, бо ин роҳ нафси шаҳвониашро қонеъ намудааст”, - гуфт Маркази матбуоти РВКД дар шаҳри Душанбе.

Бино ба маълумоти ин Марказ, алайҳи Намозалӣ Эмомалиев аз рӯи моддаи 139, қисми 4 – и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ) парвандаи ҷиноӣ оғоз ва тафтиши парванда таҳти назорати қатъии роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ қарор дода шуд.

Тибқи талаботи моддаи мазкур, дастгиршударо ҳабси тулонӣ ба мӯҳлати 20 сол таҳдид мекунад.

Лентаи хабарҳо
0