Обуҳавошиносон: дар шарқи Тоҷикистон то 42 дараҷа, дар ғарб то 21 дараҷа сард мешавад

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Маркази обуҳавосанҷии Тоҷикистон эълон кардааст, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои камабри бебориш шуда, ҳаво дар шаҳри Душанбе рӯзона 7+9 дараҷа гарм мешавад

ДУШАНБЕ, 11 январ - Sputnik. Тибқи иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон имрӯз дар  шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш шуда, туман мефарояд. Ҳарорати ҳаво шабона  2-4 дараҷа хунук ва рӯзона   7+9 дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳаво  дар водиҳо  шабона 1-6  дараҷа хунук ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 9-14 ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм  мешавад.

Суровая зима, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳушдори Ожонсии ҳавошиносӣ аз сардии шадид дар Тоҷикистон: ҳаво -42 дараҷа хунук мешавад

Дар ҳамин ҳол, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво  камабри бебориш мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 16-21 дараҷа хунук ва рӯзона ҳаво 2-7 дараҷа  хунук мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона аз 30-35 то 37-42 дараҷа хунук ва рӯзона ҳарорати ҳаво 15-20 то 23-28  дараҷа  хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд   камабри бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.  Ҳаво  дар водиҳо шабона аз 4 дараҷа хунук  то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10-15 ва рӯзона  аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм  мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабри бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.  Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа хунук  ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0