Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Ҷаримаи тӯйҳо, ё чаро баъзеҳо COVID -19 -ро ҷиддӣ намегиранд?

© © Стас ЭтвешСвадьба, архивное фото
Свадьба, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти идораи беҳдоштии Суғд гуфтанд, ки шуморе аз моликони тарабхонаҳо дар вақти баргузор намудани туйи сокинон, меъёри беҳдоштиро сарфи назар намуданд ва ба ин делел нисбати онҳо ҷарима тадбиқ шудааст

ДУШАНБЕ, 12 янв – Sputnik.  Раҳмон  Муҳаммадиев, сардори шуъбаи санитарии Идораи беҳдоштии шаҳри Хуҷанд дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон таъкид кард, ки соҳибони баъзе туйхона ва тарабхонаҳо дар вақти баргузории туйҳои арӯсию домодии сокинон муқаррароти беҳдоштиро сарфи назар намудаанд.

Мусульманская свадьба, фото из архива - Sputnik Тоҷикистон
Эрон: пас аз баргузории тӯй 50 кас ба коронавирус гирифтор шуданд

Масъули идораи беҳдоштӣ гуфт, санҷишҳои назоратии онҳо дар охирҳои соли 2020 дар замони доманпаҳнкунии "вируси корона" собит кардааст, ки бо вуҷуди таъкидҳо аз хатари пандемия, баъзеҳо ин бемориро ҷиддӣ нагирифта ва бепарвоӣ зоҳир кардаанд.

"Дар рафти баргузории санҷиш баръало мушоҳида мешуд, ки дар баъзе аз туйхонаҳо муқаррароти ироашудаи Ситоди ҷумҳуриявиро оид ба COVID - 19 - ро риоя накардаанд. Дар баъзе туйхонаҳо шумори иштирокчиён аз меъёр зиёд буд ва фосилаи иҷтимоӣ риоя карда намешуд. Дар баъзеи дигар маводи антисептикӣ дида намешуд ё бо дастгоҳи ҳароратсанҷ муҷаҳҳаз нашуда буд. Мо нисбати ин гуна туйхонаҳо мавод тартиб дода, барои баррасӣ ва додани баҳои ҳуқуқӣ ба прокуратураи шаҳр ирсол намудем", - гуфт Муҳаммадиев.

Ду тӯй дар як хонавода: арӯс ва 12 меҳмон мубталои коронавирус шуданд

Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо бемории COVID -19 дар моҳи майи соли гузашта ба далели шиддатёбии хуруҷи пандемия баргузории туйҳои арӯсию домодиро дар кишвар манъ кард. Бо гузашти беш аз як моҳ бо дарназардошти зарурати муҳимияти масъала ва андак поёнравии шиддати сироятёбӣ, шурӯъ аз рӯзи 20 июни соли 2020 ба шарти дар доираи то 50 нафар ва бо риояи тадбирҳои беҳдоштӣ ба баргузории тӯйҳо рухсат дода шуд.

Молодожены во время свадебной фотосессии в Газе  - Sputnik Тоҷикистон
Баёнхати тӯйдорон, манъи аксгирӣ ва иҷозаи 4 кас дар ЗАГС : қоидаҳои нави тӯй дар Хуҷанд

Мақомоти идораи санитарию эпидемиологии Хуҷанд мегӯянд, дар пайи санҷишҳои мақомоти идораи санитарию эпидемиологӣ муайян гардидааст, ки шуморе аз туйхонаву тарабхонаҳои ҳудуди шаҳри Хуҷанд аз ҷумла "Тоҷикистон", "Барсбургер", "Равшан", "Суғдиён", "Темурмалик" ва дигар марказҳои хизматрасонӣ муқаррароти беҳдоштиро дар замони баргузории тӯйҳои мардум риоя накардаанд.

Раҳмон Муҳаммадиев таъкид намуд, ки шурӯъ аз моҳи август то моҳи ноябр, ба ҳисоби туйхонаҳо нисбати 80 марказҳои хизматрасонии маишӣ протоколи маъмурӣ бар асоси риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ тартиб дода шудааст.

Ҷаримаи ниқоб

Дар вилояти Суғд аз замони тасвиби қонун дар бораи риояи ҳатмии беҳдоштӣ то кунун барои набастани ниқоб, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ки тибқи дастури Ситоди ҷумҳурявии муқовимат алайҳи коронавирус аст, нисбати сокинон беш аз 175 ҳазор сомонӣ ҷарима тадбиқ карда шудааст.

Фурқат Шарифов, ҳуқуқшиноси Идораи назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд зимни суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, то моҳи декабри соли 2020, 1277 сокини  вилоят барои набастани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ  тибқи моддаи 113 қисми 1 ба маблағи 175 ҳазору 642 сомонӣ ҷарима таъйин шуданд.

"Аз ҷамъи парвандаҳо то имрӯз беш аз 148 ҳазору 219 сомонӣ ситонида шуда, 27 ҳазору 419 сомонӣ ҷарима ҳоло боқӣ мондааст. Аз 1277 нафар 86 ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркашонӣ, 335 нафар кормандони ошхонаву тарабхонаҳо ва 865 нафар шахсони воқеӣ мебошанд", - гуфт Шарифов.

Дар Тоҷикистон мутобиқи дастури Ситоди ҷумҳуриявии муқовимат ва пешгирии паҳншавии коронавирус аз миёнаҳои моҳи май бастани ниқоб ҳатмӣ шуд ва сар аз 4-уми июли соли 2020, баъди аз сӯйи раисҷумҳур имзо шудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар Тоҷикистон расман барои набастани ниқоб дар ҷойҳои муайянкардаи ҷамъиятӣ, ки қонун муқаррар намудааст, аз 116 то 290 сомонӣ, ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ нишондиҳанда ба маблағи 290-580 сомонӣ ва нисбати афроди мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба андозаи 1160-1740 сомонӣ ва барои шахсони ҳуқуқӣ то сад нишондиҳанда 2900-5800 сомонӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

Бо 65 нафар туй гузаронидаанд: тарабхонаи "Равшан" - ро дар Хуҷанд бастанд

Муҳсин Миркамолов, мудири бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ҳукумати шаҳри Хуҷанд мегӯяд, аз оғози сол то моҳи декабр дар шаҳри Хуҷанд баргузории 1128 туйи арӯсию домодӣ сабт шудааст, ки нисфи зиёди онҳо дар замони пандемия баргузор шудааст.

Ба ин савол, ки чаро бо вуҷуди таъкиди мақомот шуморе аз сокинон зиёдравӣ карда аз ҷарима ва хатари COVID-19 ҳарос надоранд, Миркамолов гуфт, ки "мардум маблағи зиёд барои ҷарима шудан надоранд, аммо баъзеҳо ҳастанд, ки ба хотири даъват намудани ҳамаи хешу таборонашон меъёрҳои беҳдоштиро сарфи назар мекунанд".  

Чаро баъзеҳо аз COVID-19 хавф надоранд?

Як пурсиши сарироҳии Sputnik Тоҷикистон дар кӯчаву ҷодаҳои вилояти Хуҷанд собит намуд, ки фикру назари сокинон дар ин бора як сон нест.

Зарифа Камолова, як сокини шаҳри Хуҷанд дар шароити хуруҷи пандемия баргузор шудани тӯйю маъракаҳо бо доираи маҳдуди одамонро қобили қабул медонад.

Дискотека в ночном клубе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дастури раиси Хуҷанд ва идораи беҳдоштӣ иҷро нашуд: клубҳои шабона ҳанӯз бозанд – видео

"Дар замони хуруҷи беморӣ, ки ҷаҳон аз хатари он эмин нест, баргузории туйҳо бо доираи ками одамон дуруст аст. Ин, ки касалӣ тамом шавад ба меъёри пештара гардонанд боз беҳтар. Баъзеҳо дидаву дониста беаҳамиятӣ мекунанд. Агар мардум ҳама барои худ аҳамият диҳад, беморӣ кам мешавад", - иброз намуд  Камолова.

Шавҳар кардан мехоҳем: эътирози арӯсшавандаҳо барои манъи баргузории маросими тӯй

Як сокини дигари шаҳри Хуҷанд гуфт, ки дар чунин шароит муҳим аз ҳама саломатӣ, ҳатто аз хурсандии туй ҳам. Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, ки "баъзеҳо пул доранд, пуштӣ доранд, аз ҷаримаи замони пандемия ҳарос надоранд. Ҳол он, ки дар доираи 40 нафар баргузор намудани туй ба фоидаи мо аст, пешгирӣ аз сирояти бемории каронавирус аст",- гуфт ӯ.

Муҳаббат Рустамова як ходими давлатӣ гуфт, баъзеҳо моҳияти муқаррароти беҳдоштиро дуруст дарк накарда, дар вақти баргузории туйҳо зиёдравӣ карда ва паёмади ногувор аз сар гузаронидаанд. Дар ҳоле, ки туй бояд бо хурсандӣ сар шуда ба хурсандӣ тамом шавад.

"Табиист, ки баъзеҳо барои хабар накардан ба туй хафа мешаванд, аммо муҳим саломатӣ аст. Мо шунидем, ки дар замони пандемия баъзеҳо ба туй рафта касал шуда ва аз соҳибони маърака хафа ҳам шудаанд. Чи даркор аст, ин гуна туйҳо, барои ҳамин меъёрро риоя кардан лозим аст", - иброз намуд, Рустамова.

Муқимҷон Воҳидов, омӯзгори мактаб таъкид мекунад, ки вазъияти пешомадаро дар мизони ақлу тасаввур чен кард, на аз рӯи таваккулварзӣ.

"Ман фикр мекунам, ки саломатӣ муҳимтар аз туй аст. Дар инсон хислати таваккалият ҳаст, аммо дар ин чунин вазъият бояд ақлу фаросат болотар аз таваккалият бошад. Бубинед, ки чӣ қадар одамҳои нек аз ин бемории "вируси корона" қурбон шуданд ва имрӯз дар миёни мо нестанд", - гуфт Воҳидов.

Ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 31 уми апрели соли 2020 аз сабти нахустин 15 мавриди сироятёбӣ ба бемории COVID-19 расман иттилоъ дода буд.

Свадебные кольца, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ӯзбекистон баргузории тӯйҳоро мамнӯъ кард

Омори расмии Вазорати тандурустии кишвар дар бораи коҳишёбӣ аз гирифторӣ ба ин беморӣ мегӯяд.

Тибқи иттилое, ки бегоҳии дирӯз 10 январ, Вазорати тандурустӣ эълон кард, дар ҷумҳурӣ 3 мавриди нави сирояти бемории каронавирус ба қайд гирифта шуда, дар кишвар то ин сана дар ҷумҳурӣ 13 ҳазору 308 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13 215 нафар ё 99,3% и гирифторон шифо ёфта, 90 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.

Оморӣ ғайрирасмӣ шумори қурбониёни каронавирусро бештар аз ин рақам мезанад.  

Ба иттилои Вазорати тандурустӣ ба ин ҳол 192 тани дигар бо нишонаҳои сабуки беморӣ дар хона зери назорати дармонгоҳӣ қарор доранд.

Лентаи хабарҳо
0