Бонувони Сангвор 400 000 сомонӣ грантҳои президентиро чӣ гуна масраф мекунанд?

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанСотрудницы швейного цеха в одном из предприятий Таджикистана
Сотрудницы швейного цеха в одном из предприятий Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Феълан 12 бону ба фаъолияти гуногуни кишоварзию соҳибкорӣ  машғул буда, беш аз 30 нафар занони дигарро бо ҷойи кор таъмин  намудаанд

ДУШАНБЕ, 13 январ - Sputnik. Дар муддати шаш сол - аз соли 2014 то соли 2020 дувоздаҳ бонуи ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Сангвор ба маблағи умумии 390 000 сомонӣ сазовори грантҳои президентӣ шудаанд.

Дар айни замон ин бонувон ба фаъолияти гуногуни кишоварзию соҳибкорӣ  машғул буда, зиёда аз 30 нафар занони дигарро бо ҷойи кор таъмин  намудаанд. Дар ин бора АМИТ "Ховар" бо такя ба мудири бахши кор бо занон ва оилаи  ноҳияи Сангвор Малоҳат Донаева хабар медиҳад.

Занони тоҷик барои 80 лоиҳаи худ аз раисҷумҳур грант гирифтанд

Ҳамин тавр маълум шуд, бонувони Сангвор грантҳои президентиро чӣ гуна масраф мекунанд. Шароити кӯҳистони ноҳияи Сангвор бештар ба фаъолияти занбӯрпарварӣ мутобиқ буда, 5 гранти президентӣ дар ноҳия ба ин самт равона шудааст. Ҳамин тавр маълум шуд, Бонувони Сангвор 400 000 сомонӣ грантҳои президентиро чӣ гуна масраф мекунанд?

Инчунин аз ҳисоби грантҳои президентӣ коргоҳи дӯзандагӣ ба маблағи 40 ҳазор сомонӣ, коргоҳи парвариши мурғи марҷон ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ, коргоҳи истеҳсоли шир ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ, корхонаи хурди мурғпарварӣ ба маблағи 40 ҳазор сомонӣ, коргоҳи тайёр кардани равған ва шарбат аз ангат ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ ва коргоҳи рушди ҳунарҳои мардумӣ ба маблағи 40 ҳазор сомонӣ бунёд гардидаанд.

Манбаъ афзуда, ки ҳамасола ҷиҳати рушди соҳибкории хурду миёна  барои занони деҳоти ҷумҳурӣ грантҳои президентӣ ҷудо мегарданд, ки дар натиҷаи татбиқи дурусти онҳо дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ  ҷойҳои нави кории зиёд пайдо мегарданд.

Лентаи хабарҳо
0