Сафари Ҳаҷҷи умра боз ба таъхир гузошта шуд: то моҳи март

© Pixabay/CCOПаломничество в Мекку
Паломничество в Мекку - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Хуруҷи каронавируси навъи нав ё “вируси бритонӣ” дар як қатор аз кишварҳои ҷаҳон, сабаби мутаваққиф шудани сафари шаҳрвандон барои адои Ҳаҷҷи умра шудааст

ДУШАНБЕ, 14 янв – Sputnik. Қарор буд, дар нимаҳои дуюми моҳи январи соли ҷорӣ аввалин гурӯҳи шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ҳаҷҷи умра раванд, аммо бо сабаби хуруҷи каронавируси навъи нав ё “бритонӣ” сафар ба таъхир монда шудааст.

Абдулмаҷид Зокиров, масъули ширкати сайёҳии "Расулсохтмон", рӯзи 14 январ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, кишвари Арабистони Саудӣ дар бораи чунин таъхиргузорӣ дар қабули зиёраткунандагон, рӯзи гузашта аз тариқи расонаҳои ахбори умум эълон кардааст.

“Хуруҷи “вируси бритонӣ” масъулини кишвари Арабистони Саудиро андаке ба ташвиш гузоштааст, онҳо аз нав дарҳоро бастаанд. Ҷониби Арабистон тавассути расонаҳои ахбори умум иттилоъ нашр кардаанд, ки аз охирҳои моҳи март ба қабули зиёраткунандагон шурӯъ хоҳанд кард”,-гуфт намояндаи “Расулсохтмон”.

Масъулони Вазорати Ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ баъди таъхири чандвақта, моҳи декабри соли гузашта эълон намуда буданд, ки сар аз моҳи 6 уми солшумории қамарӣ, ки ба нимаҳои дуюми моҳи январи соли 2021 рост меояд, ба қабули шаҳрвандони Тоҷикистон, барои зиёрати шаҳрҳои муқаддаси Ислом - Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара шурӯъ мекунанд.

Мусульманские паломники во время хаджа - Sputnik Тоҷикистон
Ба Каъба нарасед: ҳаҷ дар шароити пандемия чигуна аст? - 10 акс

Абдулмаҷид Зокиров иброз намуд, ки сафарбаршавии сокинон барои Ҳаҷҷи умра аз қабули масъулини Арабистони Саудӣ вобаста аст, бо сабаби вазъи беҳдоштӣ мутафаққиф мешавад.

“Мо танҳо аз беҳтаршавии вазъи саросарии беҳдоштӣ умедвор буда, то он рӯз сабр мекунем.  Агар дар ин миён то охирҳои моҳи март, ягон хабари хуш расад, ҳатман мардумро огоҳ мекунем”, - зикр кард Зикров.

Сафарбаршавии сокинони кишвар барои Ҳаҷҷи умра аз суи ширкатҳои сайёҳии "Расулсохтмон" ва "Ормон" роҳандозӣ мешавад. Вазорати Ҳаҷҷи кишвари Арабистон синну соли зиёраткунандаҳоро бо сабаби хуруҷи бемории ҳамагири COVID-19, маҳдуд намуда эълон намуд, ки танҳо, барои аз 18 то 50 - солаҳо барои сафар ба ин кишвар иҷозат дода мешавад.

Дар пайи хуруҷи бемории ҳамагирии коронавирус ва сабти он дар Арабистони Саудӣ, ин кишвар баҳори соли гузашта сафари зоирин ба шаҳрҳои муқаддаси Исломро манъ намуд ва барои аввалин бор, соли 2020 маросими Ҳаҷ баргузор нагардид. Моҳи ноябри соли 2020 баъди таваққуфи чандмоҳа Арабистони Саудӣ феҳрасти кишварҳоро нашр кард, ки сафари шаҳрвандони онҳо дар ин кишвар рухсат шудааст.

Паломники вернувшиеся с Хаджа в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Шурои уламо ба ҳоҷиён: аз ҳаҷҷи дубора худдорӣ кунед

Дар ин руйхат кишварҳои қораи Осиё, мисли Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Чин, Туркия, Озарбойҷон ва давлати Белорус шомил буданд.

Сафари шаҳрвандони давлатҳои Эрон, Миср, Қатар, Италия Қирғизистон, Кувейт, Русия, Англия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои ба Ҳаҷҷи умра ба таври муваққат манъ гуфта мешуд.

Нимаҳои моҳи декабри соли 2020 табибон дар бораи сирояти навъи ҷадиди коронавирус дар кишварҳои Британия иттилоъ дода гуфтанд, ки вируси мазкур аз COVID-19 наздики 70 дарсад хавфноктар аст ва суръати паҳншавии он низ бамаротиб фарқ мекунад.

Дар гузашта аз Тоҷикистон ҳазорҳо нафар, барои зиёрати маконҳои муқаддаси Ислом ба кишвари Арабистони Саудӣ сафар мекарданд.

Лентаи хабарҳо
0