Пешниҳоди манъи истеҳсолу фурӯши нос дар Ӯзбекистон: дар Тоҷикистон чӣ карданиянд?

© SputnikНасвай. Архивное фото
Насвай. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тибқи маълумоти Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, сатҳи истеъмоли тамоку дар байни наврасони 13-15-сола дар Ӯзбекистон аз ҳама баландтарин - ҳудуди 6 фоиз мебошад

ДУШАНБЕ, 14 январ - Sputnik. Дар Ӯзбекистон пешниҳод шудааст, ки фурӯш ва истеҳсоли  нос манъ карда шавад.

Насвай - Sputnik Тоҷикистон
ВТ: таркиби нос 10 маротиба бештар маводҳои кимиёвии зараррасон дорад

Ин дар лоиҳаи қонуни Агентии танзими бозори алкоголу тамоку ва рушди истеҳсоли шароб "Дар бораи танзими истеҳсол ва гардиши маҳсулоти спиртӣ ва тамоку" пешбинӣ шудааст.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, лоиҳа барои баррасӣ ба ҳукумат пешниҳод шудааст.

Дар сурати қабули ин тарҳи қонун, фурӯш ва истеҳсоли  нос дар ин кишвар манъ карда мешавад.

Вазорати тандурустии Ӯзбекистон гуфтааст, ки истифодаи васеи носи худсохт ба саломатии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад, ба иқтисодиёти кишвар зарар мерасонад.

Тибқи маълумоти Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, сатҳи истеъмоли тамоку дар байни наврасони 13-15 солаи ӯзбекистонӣ аз ҳама баланд - 6 фоиз мебошад.

Ин нишондиҳанда дар Қирғизистон 5,1%, дар Тоҷикистон - 1,8%, дар Қазоқистон - 0,6% ва дар Туркманистон - 0,2% -ро ташкил медиҳад.

Манбаъ гуфтааст, арзиши арзон, дастрасии васеъ ва истеҳсоли дастӣ тамокукаширо зиёд кардааст. Тибқи таҳлилҳои соли 2014 онро 12% мардон ва 0,2% занон дар Ӯзбекистон ба носкашӣ майл доштаанд, ки нишондоди болотарин миёни дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфта мешавад.

Бармен разливает напитки - Sputnik Тоҷикистон
Коршинос гуфт, нӯшидани машруботи спиртӣ барои то 21-солаҳо чӣ хатар дорад

Вазорати тандурустии Ӯзбекистон ҳамзамон гуфтааст, ки нос дастӣ истеҳсол шуда дар бозорҳо, кӯчаҳо ва назди муассисаҳои таълимӣ озодона фурӯхта мешавад. Дар натиҷа, нархи як халтачаи нос нисбат ба нархи сигорҳои филтрӣ тақрибан 4-5 маротиба арзонтар аст, ки ин барои ҷавонон хеле дастрас аст.

Навруз Ҷаъфаров, як масъули Вазорати тандурустии Тоҷикистон низ қаблан гуфта буд, ки барои муайян кардани таркиби нос, чанд намуди он аз ҳар минтақаи кишвар  ба Амрико ва Русия барои ташхис ва таҳқиқ фиристода шуд, пас аз ташхис муайян гардид, ки  он маводи кимёвие,  ки дар нос аст, ҳатто дар таркиби сигор вуҷуд надорад.

Пажуҳиш маълум кардааст, ки таркиби нос 10 маротиба бештар маводи кимёвии зараровару заҳролуд дорад. Металлҳои вазнине, ки дар таркиби нос мавҷуданд,  аз ҷумла; малибден, сурб, ишқорҳо  ва ғайра,  пардаи луобии даҳонро вайрон мекунанду металлҳои вазнин ба бемориҳои саратон  ва захми меъда оварда мерасонанд.

Дар Nоҷикистон истифодаи маҳсулоти тамоку дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ карда шуда, аммо дар умум  чунин пешниҳодҳо барои истеҳсолу фуруши нос то ба ҳол нашудааст.

Лентаи хабарҳо
0