Березовская аз боздошту бозҷӯии рӯзноманигорони русзабон дар Латвия гуфт

Алла Березовская, рӯзноманигори муқими Латвия дар бораи бозҷӯияш аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар нақл кард

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Алла Березовская аз ҷумлаи рӯзноманигороне мебошад, ки мақомоти Латвия онҳоро ба далели ҳамкорӣ бо расонаҳои Русия мавриди бозҷӯӣ қарор доданд. Мақомоти ин кишвар муътақиданд, ки чунин ҳамкорӣ хилофи таҳримоти Иттиҳоди Аврупо мебошад.

Здание МИД России, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
ВКХ боздошти хабарнигорони Sputnik ва Baltnews дар Латвияро шадидан маҳкум кард

“Маро дар вайрон кардани таҳримот айбдор мекунанд, аммо ман қатъиян розӣ нестам. Касе ин расонаҳоро ҷиноӣ эътироф накардааст. Мо дар кишвари озод иқомат дорем ва ҳуқуқ дорем дар расонае нашр кунем, ки лозим мешуморем”, - изҳор дошт Алла Березовская.

Ба гуфтаи рӯзноманигор, бозҷӯӣ дар хонааш сурат гирифта, ҳамаи техникаи компютерӣ, аз ҷумла планшети набераашро гирифтаанд.

Ӯ афзуд, ки алайҳи рӯзноманигорони расонаҳои расмии Русия мақомоти Латвия таҳқиботи густурдае роҳандозӣ кардаанд.

“Мехоҳанд ба тамоми ҷаҳон гӯянд, нафароне, ки бо расонаҳои давлатии Русия ҳамкорӣ мекунад, рӯзноманигор нест, пропагандист – тарғибгар мебошанд. Ин ба он маъност, ки ба чунин пропагандистҳо на демократия, на озодии баён ва на ҳуқуқи инсон дахл надоранд”, - тавзеҳ дод ӯ.

Фишор ба Sputnik ва Baltnews

Sputnik қаблан хабар дода буд, ки рӯзноманигорони русзабон, аз ҷумла онҳое, ки бо Baltnews ва Sputnik Латвия ҳамкорӣ мекунанд, дар нақзи таҳримоти Иттиҳоди Аврупо муттаҳам мешаванд ва онҳо мавриди бозҷӯӣ қарор гирифтанд. Манбаъ афзуд, иттиҳомот бар асоси моддаи 84-и қонуни ҷиноии Латвия – нақзи таҳримоти Иттиҳоди Аврупо эълон шудаанд, ки ҷазо дар намуди ҷарима ва ё маҳрумият аз озодиро пешбинӣ мекунад.

Вид на старую часть Таллина. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Русгароёни эстонӣ ҷосусони Кремл будаанд

Sputnik Латвия ва Baltnews марбути Ожони байналмилалии хабарии "Россия сегодня" мебошанд. Аммо рӯзноманигороне, ки барои ин расонаҳо матлаб таҳия мекунанд, кормандашон набуда, муаллифони ғайриштатӣ мебошанд.

Вазорати умури хориҷии Русия амали мақомоти Латвияро маҳкум карда, онҳоро хилофи демократияю озодии баён хонд. Ин ниҳод таъкид кард, ки таҳримоти Иттиҳоди Аврупо хусусияти инфиродӣ дошта, шахсан ба мудири кулли "Россия сегодня" Дмитрий Киселёв дахл доранд ва наметавонанд ҳамаи кормандони ин идораро фаро гиранд.

Сармуҳаррири хабаргузории байналмилалии  "Россия сегодня" ва RT,  Маргарита Симонян изҳори умед кард, ки Русия ба ифтитоҳи парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи рӯзноманигорони русзабон вокуниш хоҳад дод.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала