Дуздии либос дар маркази Душанбе ва бозори "Корвон"

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевВ Душанбе открылась ярмарка школьных товаров
В Душанбе открылась ярмарка школьных товаров - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳолатҳои дуздии либосворӣ дар шаҳри Душанбе хабар додааст. Муттаҳамон боздошт шудаанд

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, ба идораи милиса дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷавони 24-солаи сокини ноҳияи мазкур аз дуздии либосҳо аз мағоза хабар додааст.

Полицейский сине-красный маячок, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Қасди куштор барои баҳси мерос дар хонаводаи Пиронқуловаҳо-видео

Муроҷиаткунанда арз доштааст, ки 11-уми январи соли 2021, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди мағозаи фурӯши либосҳои мардона, воқеъ дар хиёбони Рӯдакии пойтахт шуда, аз он ҷо либосҳои гуногун ба маблағи 10 ҳазор сомониро дуздидаанд.

Манбаъ афзуд, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду марди 29 ва 27-солаи сокинони ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.

ВУД инчунин афзуд, ки маъмурини милиса марди 45-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, ки пеш бо моддаи 244-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони дуздӣ дастгир кардаанд.

“Номбурда, 6-уми январи соли 2021, бо роҳи пинҳонӣ аз даромадгоҳи 7-уми ҶДММ бозори “Корвон” 150 адад гарданбанди  занонаро, ки ба марди 51-солаи сокини ҷамоати деҳоти Истиқлоли шаҳри Бохтар тааллуқ доранд, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст”, - омадааст дар иттилоия.

Зарари расонидашуда 21 ҳазор сомонӣ арзёбӣ мешавад.

ВУД таъкид намуд, ки феълан аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала