Қобилҷон Гиёев: “Ҳоло овехтани силоҳ барвақт аст!”

© из личного архива Кобилчона ГиёеваКобилчон Гиёев
Кобилчон Гиёев - Sputnik Тоҷикистон
Қобилҷон Гиёев, собиқ сардухтури Шифохонаи марказии ноҳияи Рашт, дар миёни мардум маъруф ба “аҷали коронавирус” мегӯяд, COVID – 19 дар Тоҷикистон ҷазояшро дид, аммо набояд ғафлат кард

ДУШАНБЕ, 15 янв – Sputnik. Ин пизишке, ки аз замони оғози гирудор бо “вируси корона” бо усули ғайримаъмулии табобаташ мавриди таваҷҷӯҳи расонаҳо қарор дошт, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, пирӯзии мардум ва ҳукумати Тоҷикистон, дар навбати аввал, раҳбарияти вазорати тандурустӣ ва тамоми пизишкони кишвар шароитеро ба вуҷуд овардааст, ки “вируси корона” дигар ба он вусъату паҳно сар боло накунад.

“Агарчи дар кишварҳои дигари ҷаҳон ин вирус ҳанӯз бедодгарӣ мекунад, дар Тоҷикистон бо сабабҳои комилан маълум шикаст хӯрдааст. Қабл аз ҳама, дар ҷомеа масъунияти умумӣ ба вуҷуд омад, ки густариши ин маризиро батамом кунд кард. Аз сӯи дигар, боду ҳаво, маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза ва ҳам гум шудани воҳимаву тарси мардум мӯҷиби ин шикаст шудааст”, - гуфт Қобилҷон Гиёев.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон дирӯз, 14 январ, эълон кард, ки аз 13 ҳазору 308 гирифтори “вируси корона” 13 ҳазору 218 нафар сиҳат ёфта, 90 нафари дигар ҳам ҷонҳои худро аз даст додаанд.

Девушки в защитных масках идут по улице в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
9 рӯз бе коронавирус: дар Тоҷикистон 99,3 фисади дардмандон шифо ёфтанд

Ин ба он маънист, ки дар Тоҷикистон дигар касе бо ташхиси гирифторӣ ба “вируси корона” дар шифохонаҳо бистарӣ нест ва касе ҳам сироят наёфтааст.

Омор аз ҳама ҷиҳат ба сифр баробар шудааст. Мантиқан Тоҷикистон аввалин кишваре хоҳад буд, ки бар “вируси корона” пирӯз омадааст.

Собиқ сардухтури Шифохонаи марказии ноҳияи Рашт мегӯяд, воқеан мавориде, ки ӯро барои табобати ин маризӣ даъват мекарданд, коҳиш ёфта, як-ду нафаре боқӣ мондаанд, ки як-ду моҳи қабл ба ӯ муроҷиат намуда, ҳоло мароҳили охирини табобатро тай мекунанд.

Шодихон Ҷамшед: COVID-19 дар фаъолияти муассисаҳои тиббӣ навгониҳои соҳавӣ ворид кард

“Аммо набояд дар ғафлат монд ё ба истилоҳ, силоҳро ба мехи девор овехт. Ин маризӣ он гуна, ки нохост ҷаҳонро ба қабзаи худ гирифт, метавонад нохост дигарбора зуҳур кунад. То он замон, ки хатари он дар тамоми ҷаҳон ба сифр поён намеояд, хатар барои Тоҷикистон боқӣ мемонад”, - гуфт Қобилҷон Гиёев.

Люди в защитных масках на остановке общественного транспорта  - Sputnik Тоҷикистон
Пешгӯии СҶБ: пандемияи соли ҷорӣ аз соли гузашта мудҳиштар мешавад

Дар ҳамин ҳол, дар расонаҳои ҷаҳонӣ мавзуи “навъи бритониёӣ” – и “вируси корона” чоқ мешавад, ки осори он дар Чину Русия низ ҳувайдо шудааст.

Ба қавли расонаҳо, ин як навъи хатарноктар аз “вируси корона” – ест, ки соли гузашта дар ҳамин шабу рӯзҳо дар вилояти Вуҳани Чин арзи ҳастӣ намуда, баъдтар ҷаҳонро фаро гирифта буд.

"Аҷали вируси корона" куҷост? Қобилҷон Гиёев дар бораи вазъи кунунӣ

Бино ба онҳо, он хеле ба зудӣ густариш меёбад, зуд кушанда аст ва ҳатто ба кӯдакон сироят мекунад. То ба ҳол ҳеҷ кишвари Осиёи Марказӣ аз мавҷудияти он дар ин минтақа дарак надодааст.

Пизишки тоҷик мегӯяд, “навъи бритониёӣ” маълум нест, ки то куҷо реша дар ҳамон вируси пайдошуда дар Чин дорад ва як COVID – 20 хоҳад буд.

“Мутаассифона, созмонҳои ҷаҳоние, ки бо беҳдошт машғуланд, таърифи дурусте аз ин таҳаввулот ва “мутатсия” – ҳои COVID – 19 намедиҳанд. Ин вазъ як гуна воҳимаандозӣ дар ҷаҳонро низ мемонад. Аммо муҳим ин аст, ки акнун Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа ҳадди ақал омодагиҳои ибтидоӣ ба ҳама гуна пандемияро доранд. Мо шифохонаҳои махсус таъсис додем. Мардум ҳам аз хеле чизҳо огоҳ аст" – гуфт Қобилҷон Гиёев.

Қобилҷон Гиёев моҳи апрели соли равон дар айни авҷи пандемияи "вируси корона", замоне, ки сардухтури Шифохонаи марказии Рашт буд, ба забони расонаҳо афтод.

Миристр здравоохранения Таджикистана Джамолиддин Абдуллозода - Sputnik Тоҷикистон
Пешбинии вазир: коронавирус то тобистон дар Тоҷикистон нест мешавад

Ӯ худ ва даҳҳои нафари дигарро дар ин ноҳияи бо як доруи "Пенстреп", ки барои пневмонияи бузҳо истифода мешуд, табобат кард. Он замон, ки ҳанӯз як реҷаи табобати “вируси корона” дар ҷаҳон вуҷуд надошт, ин дастовардҳои Гиёев таваҷҷӯҳи ҷомиаро ба худ ҷалб кард ва ӯро ба Душанбе овард.

Охирҳои моҳи май дар пайи фурӯкаш шудани гирудори "вируси корона" дар Тоҷикистон ӯ аз вазифаи сардухтурӣ барканор шуд ва то ҳол расман ҷое фаъолият намекунад.

Чигуна Тоҷикистон дар соли 2020 бемории коронавирусро аз сар гузаронд

Вай мегӯяд, дар ин миён бо даъвати маризон ба табобати “вируси корона” машғул буд ва ҳудуди 4 ҳазор нафарро табобат кард. Қобилҷон Гиёев фориғуттаҳсили Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон буда, солҳои 2017 то 2020 сардухтури ноҳияи Рашт буд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала