Сабукии Ҳукумат ба созандаи "Rudaki Tower"-и 24-ошёна дар Душанбе-акс

© Пресс-служба Президента РТЭмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар оғози маҷлиси васеи Ҳукумати кишвар
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар оғози маҷлиси васеи Ҳукумати кишвар - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори Ҳукумат ширкатеро, ки дар маркази Душанбе меҳмонхонаи панҷситорадори 24-ошёна месозад, аз пардохти боҷу андоз озод кард

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Раҳмон бо имзои қарори Ҳукумат, ширкати “Себистон – 2018”-ро аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ зимни воридоти молу масолеҳи зарурӣ барои бунёди меҳмонхона озод кард.

Меҳмонхонаи 5 ситорадор дар кӯчаи Низоми Ганҷавии шаҳри Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумат ба ширкати “Элит-Строй-Сервис”-и Иззатулло Давлатов сабукӣ дод

Ҳукумат феҳрасти масолеҳу таҷҳизотро тасдиқ карда, Хадамоти гумрукро муваззаф намудааст, ки расмиёти заруриро саривақт анҷом диҳад.

Сохтмони меҳмонхонаи замонавии “Grand Rudaki Tower”дар хиёбони Рӯдакии ноҳияи Исмоили Сомонӣ моҳи сентябри соли 2019 оғоз шуда буд.

Ба иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, “Grand Rudaki Tower” як Маҷмааи баландошёнаи бисёрфунксионалӣ хоҳад буд, ки аз меҳмонхонаи панҷситорадори 24-ошёна ва ду адад апартаментҳои қароргоҳии 18-ошёна иборат мебошад.

 “Худи бинои меҳмонхонаи панҷситорадор аз 24 ошёна иборат буда, ҳамчунин ду бинои 18-ошёнаи дигари апартаментҳои резиденсӣ низ дар шафати он бунёд хоҳад ёфт”, - таъкид намуда буд котиботи раисиҷумҳур.

Манбаъ афзуд, иншооти мазкур аз ҷониби ҶДММ “Себистон-2018” бунёд ёфта, он дорои 141 ҳуҷра хоҳад буд ва имконияти қабули меҳмонони сатҳи олиро хоҳад дошт.

Лентаи хабарҳо
0