Санаи ҳамоиши президентҳои давлатҳои узви СҲШ дар Душанбе маълум шуд

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевБрифинг, посвященый председательству Республики Таджикистан в Шанхайской организации сотрудничества в 2020-2021 гг.
Брифинг, посвященый председательству Республики Таджикистан в Шанхайской организации сотрудничества в 2020-2021 гг. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе нимаи моҳи сентябри соли равон дар назар аст

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ рӯзҳои 16 – 17 сентябр дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, хабар дод Аҳмад Саидмуродзода, сардори раёсати кишварҳои ИДМ-и Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.

Генеральный секретарь ШОС Владимир Норов - Sputnik Тоҷикистон
Владимир Норов ба таҳкими ҳамкориҳои нақлиётӣ-логистикӣ дар доираи СҲШ таъкид кард

Раёсат дар СҲШ-ро соли равон Тоҷикистон ба уҳда дорад. Имсол инчунин ҳамоиши ҷашнӣ - 20-умин солгарди таъсисёбии созмон мебошад.

Нахустин мулоқоти ҳамоҳангсозони миллии кишварҳои узви СҲШ дар соли ҷорӣ 26-29 январ дар шаҳри Душанбе дар нақша аст.

“Дар Вазорати корҳои хориҷӣ барои баргузории саммити СҲШ, ки 16-17 сентябр дар назар аст, ситоди махсус ташкил шуда, нахустин ҷаласаи ҳамоҳангсозони миллӣ 26-29-уми январ дар Душанбе баргузор мешавад”, - изҳор дошт Аҳмадзода зимни мулоқот бо хабарнигорон.

Ӯ афзуд, ки сомонаи махсус ташкил дода мешавад, ки иттилоъ дар бораи чорабиниҳои асосии Созмони ҳамкории Шанхай дар соли равонро фаро хоҳад гирифт.

Баробари мулоқоти сарони кишварҳои узви СҲШ ва вазирони умури хориҷии давлатҳои созмон, инчунин мулоқотҳои роҳбарони идораҳои соҳавӣ – аз мудофиа то иқтисоду тиҷорат ба нақша гирифта шудаанд.

Ба гуфтаи намояндаи ВУХ Тоҷикистон, имсол барои бори аввал дар Душанбе Анҷумани иқтисодии СҲШ ба нақша гирифта шуда, инчунин ташкили мулоқоти намояндагони бахши сайёҳию расонаҳо дар назар аст.

СҲШ созмони байналмилалие мебошад, ки Тоҷикистон, Русия, Ҳинд, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Покистон ва Ӯзбекистонро дар бар мегирад.

Лентаи хабарҳо
0