Даргузашти Дӯстмурод Уроқов, иқтисодшиносу адиби тоҷик-акс

Дӯстмурод Уроқов, иқтисоддони тоҷик, ки ба эҷоди асарҳои бадеӣ низ шуҳрат дошт, дар синни 78-солагӣ даргузашт

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе яке аз донишварони пуркори иқтисоддон ва адиби соҳибдилу соҳибқалам Дӯстмурод Уроқов дар синни 78-солагӣ чашм аз ҷаҳон пӯшид, хабар додааст Фаридун Раҳнавард, рӯзноманигори тоҷик.

Курбонали Абдуллоев - Sputnik Тоҷикистон
Даргузашти овозхон Қурбоналӣ Абдуллоев: "ӯ гирифтори коронавирус буд"- видео

Дӯстмурод Уроқов, соли 1942 таваллуд шуда, доктори илми иқтисод, профессор, ходими шоистаи илми Тоҷикистон мебошад.

Дар бораи сабаби фавти Уроқов иттилое ироа нашудааст. Раҳнавард дар саҳифааш аз хизматҳои Уроқов барои илму адабиёт гуфтааст.

“Равоншод умри худро вақфи хидмат ба илму маориф ва адабиёт намуда, аз худ як силсила осори арзишманди илмиву адабӣ ба ёдгор гузоштанд. Академики Академияи иқтисодии Авруосиё, Арбоби илму техникаи Тоҷикистон ва Раиси Ассосиатсияи муҳосибон ва аудиторонии Тоҷикистон буд”, - изҳор дошт Раҳнавард.

Таъкид шудааст, ки марҳум дар баробари таълифи осори илмӣ ва фаъолияти пурсамар дар соҳаи иқтисод ба эҷоди асарҳои бадеӣ низ рағбат дошт.

Дар феҳрасти асарҳои бадеияш "Муҳофиз", "Қиссаҳои марғуби зиндагӣ", "Овора", "Диёри файзбори ман", "Меҳрона" ва ғайра зикр шудаанд, ки дар радифи осори илмӣ номашонро зинда медоранд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала