ИМА манъи вуруд аз бархе кишварҳои мусалмониро бекор мекунад

© AFP 2021 / BRENDAN SMIALOWSKIФлаг США
Флаг США - Sputnik Тоҷикистон
Ҷо Байден, раисиҷумҳури тозаинтихоби ИМА, ният дорад, манъи вуруди шаҳрвандони бархе аз кишварҳои мусалмониро бекор кунад

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Лағви манъи вуруд аз бархе кишварҳои мусалмонӣ аз нахустин қадамҳои Ҷо Байден дар мақоми раисиҷумҳури ИМА хоҳад буд, хабар додааст CNN.

Рабочий на строительной площадке - Sputnik Тоҷикистон
Дастури Путин барои сода кардани ҷалби муҳоҷирон ба сохтмонҳо

Манбаъ афзуд, Байден дар рӯзи нахустини корияш инчунин бархе тағйироти ҷиддии дигарро анҷом доданист. Аз ҷумла зикр шудааст, ки ИМА ба созишномаи Париж дар бораи тағйирёбии иқлим бармегардад. Ин созишнома коҳиши партовҳо ба ҳаворо дар назар дорад.

Байден инчунин ният дорад, ба Конгресс тарҳи бузурги умури муҳоҷиратро пешниҳод кард, ки бар асоси он миллионҳо муҳоҷири беҳуҷҷат дар қаламрави ИМА метавонанд шаҳрвандии ин кишварро ба даст оранд.

Инчунин маълум шуд, ки Байден бархе дастуроти раисиҷумҳурии феълии ИМА-ро бекор карданист. Аз ҷумла баромадани ИМА аз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва ғайраро.

Маросими савгандёдкунии раисиҷумҳури нави ИМА 20 январ дар назар аст. Ба далели пандемия ин маросим бо бархе тағйирот сурат хоҳад гирифт.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала