Нархи газ ва бензину дизел дар Тоҷикистон якбора то 10% гарон шуд

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкРабота АЗС в Москве
Работа АЗС в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тайи ду рӯзи охир қиммати ҳама намуд маводи сӯзишвории воситаи нақлиёт якбора то 10% боло рафта, ба 4, 3 ва 4, 6 сомонӣ баробар шудааст

 ДУШАНБЕ, 18 янв – Sputnik. Нархи гази моеъ ва бензину дизел (солярка) якбора ба 4,3 ва 6,6 сомонӣ дакка хурдааст. Дар баъзе аз навоҳии Тоҷикистон фурӯши газ 0,30 сомонӣ ва бензину дизел то ба 0,40 сомонӣ баланд шудааст. Ронандаҳо мегуянд болоравии нарх ба ҷайби онҳо зарба мезанад.

Ҳасан Каримов, як ронандаи таксӣ дар Хуҷанд мегуяд, болоравии нарх ба фаъолияти мусофирбарии ӯ барин сокинон таъсири амиқ мегузорад.

“Ҳоло газ то дар баъзе ҷойҳо 40 дирам гарон шудааст. Агар як ҳафта пеш 10 литр гази моеъро 40 сомонӣ мехридем, ҳоло он 43-44 сомонӣ шудааст. Мо нархро бардорем мардум ба мошин намешинад, набардорем фоида намемонад”, гуфт ронандаи таксӣ.

Зимнан сокинон мегуянд, арзиши маводи сӯзишворӣ қариб дар ҳамаи навоҳии кишвар яксон боло рафтааст. Чунин болоравии нарх дар муқоиса ба гузашта камсобиқа гуфта мешавад.

Газопоровод из Узбекистана в Согдийскую область - Sputnik Тоҷикистон
Гази табии Ӯзбекистон баъди 10 сол ба Суғд расид: масъулин гуфтанд, аввал ба кӣ медиҳанд

Баъзе аз масъулони ширкатҳои таъминоти сӯзишвории нақлиёт (АЗС) болоравии арзиши маводи сӯхтро ба коҳишёбии ҳаҷми воридоти он шарҳ медиҳанд.

Мирзо, як корманди нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, як ҳафта ба ин тараф воридот камтар шудааст.

“Ҳамаи маводи сӯхт дар кишвар аз хориҷа ворид мешавад, яъне ин моли ватанӣ нест. Вақте, ки воридот кам шуд, ҳаҷми моли ба бозор арзашаванда ҳам кам мешавад ва ин ба баландшавии нарх бе таъсир намемонад”, - иброз намуд ӯ.

Вазири энергетика гуфт, киҳо бештар аз ҳама барқу газро медузданд

Чи гуна воридоти маводи сӯхт кам шудааст, ин ҳамсӯҳбати мо изҳори бехабарӣ кард ва гуфт: “инро роҳбарон медонанд, шояд аз ҳисоби болоравии нархи нефт аст”.

Бино ба додаҳои ширкатҳои молиявӣ, ҳоло қиммати 1 бушка (барелль) нафт дар бозори ҷаҳонӣ то ба 55 доллари амрикоӣ баробар шудааст ва гуфта мешавад ин рақам назар ба ҳамин давраи соли гузашта то 35% баланд гуфта мешавад.

Дар Тоҷикистон маводи сӯхт аз хориҷа асосан аз кишвари Русия ва Қазоқистон ворид карда мешавад. Бино ба иттилоъи мақомоти гумрук, соли гузашта беш аз 430 ҳазор тон гази моеъ, 180 ҳазор тон бензин ва бештар аз 250 ҳазор тон маводи дизелӣ ба Тоҷикистон ворид шудааст.

Ширкатҳои "Фароз", "Газпром", "Газойл", "Ориё", "Роҳи Сомон нафт", "Се ганҷ" ва "Суғднефт" аз ҷумлаи воридкунандаҳои маводи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.

Лентаи хабарҳо
0