Таъиноти кадрӣ аз Бонки миллӣ то Прокуратураи генералӣ: президент кадрҳоро ҷобаҷо кард

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар як қатор ниҳодҳои кишвар тағйироти кадрӣ анҷом дода, кадрҳоро ҷобаҷо кард

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Тавре дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон гузориш медиҳад, Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ — Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия, Бонки миллӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо тағйироти кадрӣ анҷом дод.

Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон - Sputnik Тоҷикистон
Таъиноти кадрӣ дар Хатлон: ҳафт нафар вазифа гирифтанд - се зан

Презиндент кадрҳои таъингардидаро имрӯз ба ҳузур пазируфтааст.

"Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс ва Ёқубзода Мирҳаёт ба вазифаҳои муовинони Раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин гардиданд. Восидиён Фарҳод бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини вазири рушди иқтисод ва савдо таъин карда шуд", - менависад манбаъ.

Гуфта мешавад, сардорони Раёсатҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва дигар Раёсатҳои дастгоҳи марказии Агентии мазкур аз ҳисоби кадрҳои ҷавону ботаҷриба таъин гардиданд.

Бо фармони Раҳмон ваколати судяи суди вилояти Хатлон қатъ шуд

"Ба вазифаи прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, прокуророни ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Ховалинг, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Бобоҷон Ғафуров ва ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кормандони собиқадору соҳибтаҷриба таъин шуданд", - меафзояд манбаъ.

 Эмомалӣ Раҳмон зимни сӯҳбат бо кадрҳо аз мушкилоту камбудӣ ва қонуншиканиҳо дар сохторҳои зикргардида ёдовар шуда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар системаи идораи бонкӣ, бурдани назорати ҷиддии прокурорӣ ва пешгирии қонуншиканиҳо дар самти замин, роҳ надодан ба қочоқи молу маҳсулот, мубориза бар зидди ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ ва дигар масъалаҳои ҳалталаб мисолҳои мушаххас оварда, иҷрои ҳатмии камбудиҳоро дар муҳлатҳои майян талаб намуданд.

Лентаи хабарҳо
0