Хомушии ситораи дигар: нақшҳои беҳтарини Ҳабибуллоҳ Абдураззоқов – видео

Обуна шудан
Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Ҳабибулло Абдуразоқов дар таърихи кинои тоҷик осори бебаҳоеро боқӣ гузошт. Вай садҳо нақшро дар театру кино бозӣ кард

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳунарманди халқии Тоҷикистони Шуравӣ, актёр ва коргардон Ҳабибулло Абдуразоқов аз даргузашт. Ҳабибулло Абдураззоқов, ҳунарманди шинохтаи театру синамои тоҷикро дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе дафн карданд.

Ӯ рӯзи 19-уми январ дар синни 84-солагӣ дар Душанбе даргузашт.

Ҳунарманди шинохтаи театру синамои тоҷик пас аз марги худ як силсила филмҳоеро боқӣ мондааст, ки миёни тамошобинон маҳбубияти зиёде дошт. Ин филмҳо ба фонди тиллоии киноматографи Иттиҳоди Шуравӣ ва тоҷик дохил шудаанд.

Sputnik Тоҷикистон наворҳои беҳтарин нақшҳои Ҳабибулло Абдуразоқовро ҷамъ овардааст.

"Марги судхӯр"

Дар филме, ки аз рӯи асари нависандаи тоҷик Садриддин Айнӣ "Марги судхӯр", ки соли 1966 ба навор гирифта шуда буд, Абдуразоқов яке аз нақшҳои асосӣ – Баҳриддинро бозӣ кард.

Маҳз ҳамин нақш дар филми коргардон  Тоҳир Собиров ба Абдуразоқов шӯҳрати овард ва пас аз ин филм дар тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ шӯҳрат пайдо кард.

Дар филм дар бораи Қори ишкамба инчунин Зоҳир Дусматов, Ато Муҳамаҷонов, Абдураҳим Кудусов, Сановбар Бақаева, Алигер Хоҷаев ва дигар ҳунармандони тоҷик нақш офаридаанд.

“Чаҳор нафар аз Чорсанг”

Дар ин филме, ки соли 1973 рӯи саҳна  баромад Ҳабибулло Абдуразоқов яке аз нақҳои асосиро бозӣ кардааст.

 Филми аз чанд қисмат иборат буд, дар бораи сарнавишти чаҳор нафар: Ҳайдар (Абдуразоқов), Давлят, Наим ва Гулшани зебо, ки дар деҳаи кӯҳистони Тоҷикистон ба  дунё оаданд, нақл мекунад.

Ин филм дар бораи дӯстист, ки бо дар зиндагӣ имтиҳонҳои гуногун рӯ ба рӯ мешавад.

Тибқи нақша, дӯстон Гулшанро, ки Давлат дусташ медорад аз арусӣ бо як шавҳари сарватманд наҷот медиҳад, ва ӯро ба самти шаҳр мебаранд.

“Достони Сиёвуш”

Дар соли 1976, Ҳабибулло Абдуразоқов боз дар як филми дустдоштаи мардуми тоҷик нақш бозӣ кард. Ӯ дар филме, ки аз рӯи асари "Шоҳнома" -и Фирдавсӣ филмбардорӣ шудааст, нақш офарид.

Ин филм аз сӯи коргардон Борис Кимягаров таҳия шуд ва то ҳол миёни мардуми тоҷик маҳбубияти зиёд дорад.

“Ҷура – шикорчи аз Мин-Архар”

Филми шашқисматии соли 1985 "Ҷура - шикорчӣ аз Мин-Архар" -ро чандин насли тамошобинони Тоҷикистон тамошо карданд.

Дар ин филм Абдуразоқов нақши Юсуф яке аз босмачиёни қурбаширо бозӣ кардааст.

Тибқи нақшаи филм, сардори қочоқчиён ва Босмачиён, ҳамчунин шарики ҷосусони Бритониё, кӯшиш мекунад ба истиқрори ҳокимияти Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон халал расонад.

“Қатори иловагӣ ба роҳи дувум мерасад”

Абдуразоқов дар хотири мардуми Иттиҳоди Шӯравӣ боз бо бозии як нақши дигар мондааст  - сардори қатор Саидов дар филми детективии “Қатори иловагӣ ба роҳи дувум мерасад”. Ин филм соли 1986 рӯи саҳна баромад ва коргардонҳои он Валерий Аҳадов ва Сайидо Қурбонов буданд.

Тибқи нақшаи филм дар қатори Душанбе-Маскав ҷасади яке аз мусофирон пайдо мешавад.

Кофтукоби ҷинояткор, ки дар дохили қатор аст бар души майори милитсия Денисов ва капитани милисаи тоҷик Қурбонов гузошта мешавад.

Лентаи хабарҳо
0