Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред
https://sputnik-tj.com/20210120/Favti-pirazani-tanoh-dar-Dushanbe-1032657282.html
Марги мармузи пиразани 76 -сола дар Душанбе: танҳо зиндагӣ мекард
Марги мармузи пиразани 76 -сола дар Душанбе: танҳо зиндагӣ мекард
Пиразан танҳо зиндагӣ карда, чанд вақти охир бемор будааст. Аз марги пиразан ҳамсояҳо ба КҲФ хабар доданд 20.01.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-01-20T12:46+0500
2021-01-20T12:46+0500
2021-01-20T13:26+0500
/html/head/meta[@name='og:title']/@content
/html/head/meta[@name='og:description']/@content
https://cdn1.img.sputnik.tj/img/102431/39/1024313955_0:321:2640:1813_1920x0_80_0_0_71339586be0751a3a3df0b0f3da678da.jpg
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdn1.img.sputnik.tj/img/102431/39/1024313955_0:237:2640:1897_1920x0_80_0_0_2c760c12e807ea38ffd0dcc4ee29cd79.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
кҳф ҷт, душанбе, рӯйдодҳо, дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо
Марги мармузи пиразани 76 -сола дар Душанбе: танҳо зиндагӣ мекард
12:46 20.01.2021 (Навсозишуда: 13:26 20.01.2021) Пиразан танҳо зиндагӣ карда, чанд вақти охир бемор будааст. Аз марги пиразан ҳамсояҳо ба КҲФ хабар доданд
ДУШАНБЕ, 20 янв – Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз дарёфти ҷасади пиразани рус дар манзили зисташ, хабар медиҳад.
Тибқи маълумоти навбатдори фаврии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе, хабар дар бораи нопадид шудани пиразан, бегоҳии рӯзи гузашта, 19 январ расидааст.
Дар ин бора навбатдори ШВКД-и ноҳияи Сино-2 капитан Сафаров Ориф ба навбатдори фаврии Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки чанд рӯз пиразани рус Кузнетсова Любаро ҳамсоягон надидаанд. Мавсуф дар кӯчаи Б. Ғафурови пойтахт танҳо зиндагӣ мекардааст.
Ҳамин тавр, дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати шаҳри Душанбе соати 17:33 дақиқа ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, дари хонаи истиқоматии шаҳрванд Кузнетсова Любаро боз кардаанд.
"Маълум гардид, ки пиразани 76-сола дар манзили худ фавтидааст. Ҳамсоягонаш гуфтаанд, ки пиразан муддатҳост бемор буду танҳо", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки ҷасади ӯро ба мақомоти дахлдор супурданд.