Овозхони ӯзбек Ҷаҳонгир Отаҷонов мехоҳад президент шавад: аз сурудхонӣ даст кашид

© InstagramФонтан из денег лишил Жахонгира Атаджанова лицензии
Фонтан из денег лишил Жахонгира Атаджанова лицензии - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Овозхони маъруфи ӯзбек Ҷаҳонгир Отаҷонов аз сурудхонӣ даст кашид ва тасмим гирифт, ки барои номзад шудан ба мақоми президентии соли 2021 тамоми имконоти худро ба кор мебарад

ДУШАНБЕ, 20 январ - Sputnik. Овозхони Ӯзбекистон Ҷаҳонгир Отаҷонов дар сафҳаи Инстаграми худ дар бораи таъсиси як ҳизби сиёсӣ ва мубориза барои мансаби сарвари давлат ба мухлисон эълони ғайриинтизор кард.

Дар паёми нави видеоӣ Отаҷонов ба ҳаводоронаш гуфт, ки ният дорад дар интихоботи навбатӣ ба курсии президентии Ӯзбекистон номзад шавад.

Узбекский сенатор Абдукодир Тошкулов, наблюдатель из Узбекистана - Sputnik Тоҷикистон
Парлумони Ӯзбекистон таъйини як тоҷик ба мақоми вазириро тасдиқ кард

Аллакай маълум аст, ки омодагӣ ба як рӯйдоди муҳими сиёсӣ моҳи марти соли 2021 оғоз хоҳад ёфт.

Илова бар ин, сарояндаи собиқ нақл кард, ки чаро тасмим гирифтааст ҳаёташро дигар кунад ва ба сиёсат равад.

Дар тасмими худ Отаҷонов аз он далолат мекунад, ки мехоҳад ватани худро рушд диҳад ва гуфт "ин изҳорот набояд ҳамчун киноя аз бесамарии президенти кунунӣ дониста шавад".

"Ман мардумро обод хоҳам кард. Албатта, бо ин изҳорот ба "сарвари кунунӣ" ҳеҷ гуна "даъво" намекунам ва ҳақ надорам. Онҳо низ бо тамоми қувваашон талош мекунанд. Барори кор",-  гуфт овозхон.

Ӯ мегӯяд "ин видео шӯхӣ набуда, як изҳороти ҷиддист".

Дар ҳамин ҳол, Отаҷонов афзуд, ки ҳоло дар хориҷа дар рухсатии оилавӣ қарор дорад ва баробари бозгашт ба Тошканд, ба таблиғи номзадӣ шурӯъ мекунад.

Ӯзбекистониҳоро овозаҳо дар бораи рахнашавии обанбори Қайроққум ба таҳлука андохт

Дар ин миён овозхони собиқ ба мардуми Ӯзбекистон барори кор ва дар интихоботи соли 2021 - "ҷонибдорони оқилу тавонмандро" орзу кард.

Лентаи хабарҳо
0