Зани ҷавон бо гумони ташкили фоҳишахона дастгир шуд

© Sputnik / Табылды Кадырбеков / Гузариш ба медиабонкРуки в наручниках.
Руки в наручниках. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ошкоршавии як ҳолати ташкили фоҳишахона дар вилояти Суғд хабар додааст

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 29-солаи сокини шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт дастгир карда шуд.

Ноги, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Фоҳишахона ташкил кардаанд: боздошти ду зан дар Душанбею Спитамен

Манбаъ афзудааст, ки дастгиршуда барои ташкил ё нигоҳдошти фоҳишахона гумонбар мебошад.

"Номбурда, 12-уми январи соли 2021, тахминан соати 16:00, дар хонаи истиқоматиаш ба зан ва марди 34-солаи сокинони ҷамоати деҳоти Шодобаи ноҳияи мазкур барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит муҳайё намуда, аз онҳо 150 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст”, - омадааст дар иттилоия.

ВУД изҳор доштааст, ки феълан аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Иҷора гирифту ба фоҳишахона табдил дод: боздошти зани 34 - сола дар Душанбе

Қаблан мақомоти Тоҷикистон ҷазо барои ташкил фоҳишахона, ҳамчунин даллагӣ ё занҷаллобиро сангинтар карданд.

Барои ин ҷиноёт ҷарима ба андозаи аз 1 ҳазор то 2 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то панҷ сол ҷазо пешбинӣ шудааст. Бар асоси тағйирот, ба афроде, ки дубора даст ба чунин ҷинояткорӣ мезананд то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.

Лентаи хабарҳо
0