Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Емеляненко гирифтори коронавирус шуд: ӯро ба бемористон интиқол доданд

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкФедор Емельяненко, архивное фото
Федор Емельяненко, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Фёдер Емеляненко гирифтори коронавирус шуда ва феълан дар бемористони рақами 52 дар шаҳри Маскав бистарӣ аст

ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Фёдор Емеляненко, муборизи сабки омехтаи Русия (ММА) ба беморхонаи клиникии рақами 52-и шаҳри Маскав интиқол дода шуд. Дар ин бора агентии Sport РИА Новости бо такя ба муассисаи тиббӣ хабар медиҳад.

Федор Емельяненко - Sputnik Тоҷикистон
Размикори амрикоӣ Фёдор Емеляненкоро дар ним дақиқа “нокуат” кард - видео

Аммо, дақиқан маълум нест, ки размикори рус дар кадом ҳолат ба бемористон оварда шуд ва вазъи беҳбудии ӯ дар кадом сатҳ аст.

Маълум аст, ки табибони беморхонаи клиникии рақами 52 барои табобати беморони гирифтори коронавирус ихтисос ёфтаанд. Муассисаи тиббӣ махсус барои сироятёфтагони бемории коронавирус мебошад.

Емеляненко 44 сол дорад. Дар тӯли фаъолияти худ ӯ дар намудҳои муҳорибаи омехта 46 муҳориба баргузор намудааст.

Аз ин миён Емеляненко 39 маротиба дастболо шудааст.

Пирӯзии Емеляненко ва мағлубияти Айдарбеков дар ИМА (ВИДЕО)

Ӯ охирин набардашро моҳи декабри соли 2019 анҷом дод. Рақиби ӯ Квинтон Ҷексони амрикоӣ буд, ки ӯро дар даври аввал нокаут кард.

Лентаи хабарҳо
0