Қонунро иҷро намекунанд: интиқоди Ёдгор Файзов аз бархе роҳбарону раисони ноҳияҳои ВМКБ

© Facebook / Голиб НиятбековЁдгор Файзов, председатель ГБАО
Ёдгор Файзов, председатель ГБАО - Sputnik Тоҷикистон
Раиси ВМКБ аз шикояти зиёд шаҳрвандон дар бораи нақзи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” ва Дастурамали коргузорӣ бо муроҷиатҳои шаҳрвандон аз ҷониби бархе роҳбарони идораву муассисаҳо ва раисони ноҳияҳои вилоят таъкид кард

ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Ёдгор Файзов, раҳбари ВМКБ дар машварати ​васеи назди раиси вилоят  супориш дод, ки масъалаи мазкур​ таҳти назорати ҷиддӣ қарор​ гирифта, Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”-ро бо масъулияти баланд иҷро намоянд.

Военный парад в Хороге по случаю приезда президента Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Файзов дар машварати васеъ аз омодагӣ ба даъвати ҳарбӣ гуфт ва супориш ҳам дод

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар ин ҷаласа Ёдгор Файзов бо изҳори нигаронӣ аз иштироки ғайрифаъоли​ табақаҳои гуногуни​ вилоят дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ба хусус дар озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва​ “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” гуфт, ки​ дар баробари толибилмони муассисаҳои таълимӣ бояд​ донишҷӯёни донишгоҳ, коллеҷи тиббӣ ва аъзои бахши бадахшонии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон низ дар чунин озмунҳо иштирок намуда, маҳорати​ баланди донишандӯзӣ нишон диҳанд.​

​Гуфта шудааст, ки дар ҷаласаи мазкур ҳамчунин масъалаи омодагӣ ба даъвати баҳории ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ​ дар ҳудуди ВМКБ​ зимни машварати васеъ​ мавриди таҳлил қарор дода шуда​, муовини комиссари ҳарбии вилоят Давлатбеки Абру​ дар ин бора маълумот пешниҳод намуд.

Қайд шудааст, ки давоми се соли охир​ даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар дар ҳудуди вилоят дар муддати 1 рӯз иҷро гардида, ҷавонписарони ватандӯсту худогоҳи кишвар барои хизмати Ватан - ​ ихтиёрона ба хизмат  сафарбар гардиданд.​

Раиси ВМКБ​ Ёдгор Файзов роҳбарони шаҳру​ ноҳия ва комиссарони ҳарбиро даъват кард, ки барои​ ​ ​бо сифати баланд иҷро намудани нақшаи даъвати​ баҳорӣ ба сафи Кувваҳои мусаллаҳи мамлакат аз имрӯз омодагӣ дида,​ анъанаи​ иҷрои нақшаи даъват дар рӯзи аввалро идома диҳанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала