Дар Истаравшан 7,6 тонна партов берун бароварда шуд

CC0 / Pixabay / Уборка мусора из реки
Уборка мусора из реки - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Сокинони шаҳри Истаравшан ба ҳашар баромада, 7,6 тонна поруву хокрӯбаҳоро ба партовгоҳи шаҳрӣ бароварданд

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Ба истиқболи таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон сокинони шаҳри Истаравшан бо истифода аз боду ҳавои мусоиди моҳи январ ба ҳашари умумишаҳрӣ баромаданд.

Ниҳолшинонии милисаҳои тоҷик - Sputnik Тоҷикистон
Милисаҳои тоҷик ба ҳашар баромаданд

Бино ба гузориши Кумитаи ҳифзи муҳити зист, мардум дар ин ҳашар 1,3 километр ҷӯйбори обгузари ду тарафи хиёбонҳои Исмоили Сомонӣ ва Истиқлоли шаҳр, майдони марказӣ, ҳудуд ва атрофи биноҳои маъмурии корхонаҳои шафати роҳи асосӣ тоза ва рӯбучин карданд.

Сокинон 7,6 тонна поруву хокрӯбаҳо ба партовгоҳи шаҳрӣ бароварданд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".

Манбаъ афзуда, ки дар ҳашари умумишаҳрӣ беш аз 500 нафар кормандони корхонаву ташкилот, муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла Коллеҷи тиббӣ, Литсейи касбии техникии №14 ширкат карданд.

Омӯзгорони Хуҷанд соҳили Сирдарёро аз партов пок карданд

Ҳамчунин кормандони Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ, беморхонаҳои марказию хусусӣ, кумитаи маҳаллаҳо, ҷамоати шаҳраку деҳот ва соҳибкорон низ дар поккорӣ саҳм гузоштаанд.

Лентаи хабарҳо
0