Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Фавт аз коронавируси навъи "бритонӣ" бештар аст: СҶБ иллаташро шарҳ дод

Ба маълумоти Созмони ҷаҳонии беҳдошт, навъи нави коронавируси "бритонӣ" дар муқоиса бо SARS-CoV-2 метавонад аз инсон ба инсон 50 -70 дарсад зудтар интиқол ёбад

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Иллати маргумири зиёд аз навъи нави коронавирус метавонад ба сарбории мақомоти беҳдошт вобаста бошад, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба изҳороти Мария Ван Керкхове намояндаи СҶБ.

Бӯйи коронавирус: сагҳо ба шинохти COVID - 19 ва навъҳои нави он омӯхта шудаанд

Рӯзи гузашта, сарвазири Британия, Борис Ҷонсон хабар дод, ки мутатсияи нав аз навъҳои қаблӣ 30 фисад марговартар ва 70 дарсад бештар сирояткунанда аст. 

Илова бар ин, ӯ таъкид намуд, ки маҳдудиятҳои ҷорӣ, ҳоло сабук нахоҳанд шуд, чун сатҳи сироятшавӣ ниҳоят зиёд буда, дармонгоҳҳо дар шаҳрҳои калон наметавонанд бо ҷараёни ин беморӣ мубориза баранд.

"Агар суръати интиқоли вирус зиёд шавад, ҳолатҳои сироятёбӣ бештар мешаванд. Ман медонам, ки ин ба назар  наменамояд, аммо агар теъдоди маризони нав ба ҳамин суръат афзоиш ёбад, пас шумораи бистаришавӣ низ меафзояд....Ин вазъ сарбории системаи тандурустиро ба бор меорад, ки дар натиҷа боиси зиёд шудани ҳолатҳои фавт мегардад", - шарҳ додааст Ван Керкхове.

Ёдовар мешавем, ки навъи нави коронавирус мобайнҳои моҳи декабр дар Британия буруз кард ва мутахассисон ба хулосае омаданд, ки вируси мазкур аз COVID-19 наздики 70 фисад хавфноктар аст ва суръати паҳншавии ӯ низ бамаротиб фарқ мекунад.

Чанде пеш намояндаи Роспотребнадзор низ хабар дод, ки навъи нави коронавируси "бритонӣ" - ро як нафар аз Британия ба Русия низ интиқол дод.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала