Дар кӯчаҳои Душанбе китобхонаҳо пайдо мешаванд

© PixabayКнига, архивное фото
Книга, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ин иқдом бори аввал дар Тоҷикистон соли 2017 дар боғи марказии шаҳри Хоруғ аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии "Умедвор" дар ҳамкорӣ бо ширкати "Помирэнерҷӣ" гузаронида шуд

ДУШАНБЕ, 24 январ - Sputnik. Дар маркази шаҳри Душанбе аз ҷониби лоиҳаи Kitobz.tj ҷевонҳои китобдор пайдо мешаванд.

Дар қасабаи  82, Зарафшон, Садбарг, назди Театри опера ва балет, фурудгоҳ, микрорайони 46, Иттифоқҳои касаба ва маҳаллаи Гипрозем 10 нуқтаи "китобхонаи кӯчагӣ" насб карда мешавад.

Интиқоли китоби Тоҷикон ба ноҳияи Ванҷ - Sputnik Тоҷикистон
Беш аз 4400 дона: туҳфаи Раҳмон ба Ванҷ расид

Баҳром Саъдиев роҳбари лоиҳаи Kitobz.tj дар суҳбат бо АМИТ "Ховар" гуфт, ки дар тӯли 4 соли мавҷудияти лоиҳаи мазкур миқдори зиёди китобҳо дастрас шуданд. 

"Насби "китобхонаи кӯчагӣ" барои лоиҳа пешравии назаррас ва саҳмгузорӣ  барои насли ояндаи мамлакат мебошад. Инчунин ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон- тақдими китоби "Тоҷикон"-и Бобоҷон Ғафуров ба ҳар оилаи тоҷик,  идомаи озмунҳои "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" моро водор намуд, ки  дар амалӣ намудани ин иқдомҳо нақши худро гузорем".

Гуфта мешавад, ҳадафи амалӣ намудани лоиҳаи мазкур ҷалби таваҷҷуҳи насли наврас ва ҳам ҷавонону калонсолон ба мутолиаи китоб мебошад.

Барои дастрас будани китобхонаҳо ба кӯчаҳои канори Душанбе, дар бархе маҳаллаҳои зист китобхонаҳои хурди сайёр дар шакли ҷевонҳои шишагин ташкил мегарданд.

Ҳар кас метавонад аз он китоби писандидаи худро, албатта, ройгон бигирад ва китобро хонда, баргардонад, то хонандаи дигар онро гирад.

Бояд гуфт, ки ин иқдом бори аввал дар Тоҷикистон соли 2017 дар боғи марказии шаҳри Хоруғ аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии "Умедвор" дар ҳамкорӣ бо ширкати "Помирэнерҷӣ" дар кӯчаҳои шаҳр гузаронида шуда буд ва он таваҷҷуҳи роҳгузаронро ба худ ҷалб менамуд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала