Макгрегор дар рақобат бо Поре сахт маҷрӯҳ шуд

© Скриншот из видео / UFC RussiaКонор Макгрегор после нокаута
Конор Макгрегор после нокаута - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Варзишкори амрикоӣ Дастин Поре рақиби ирландиаш Конор Макгрегорро нокаут кард ва дар паи ин зарба охирон сахт маҷрӯҳ шуд

ДУШАНБЕ, 24 январ - Sputnik. Варзишкори ирландӣ Конор Макгрегор дар рақобат бо Дастин Поре мағлуб шуду ҷароҳат бардошт.

Рақобати варзишкори муҳорибаи омехтаи Ирландия Конор Макгрегор ва варзишкори амрикоӣ Дастин Поре дар доираи сабқати UFC 257 дар Амороти Муттаҳидаи Араб Баргузор шуд.

Хабиб Нурмагомедов защитил титул чемпиона UFC в легком весе - Sputnik Тоҷикистон
Нурмуҳаммадов гуфт, барои рақобат бо Поре боз мегардад ё не?

Ин рақобат аз ду давр иборат буд. Дар даври аввал Поре Макгрегорро дар қафас ҷасф кард. Ҳарду ҷанговар дар ин мавқеъ чанд муддат истоданд ва пас ҷой иваз карданд - Конор Дастинро дар чунин вазъ нигоҳ дошт.

Мубориза дар ибтидо суст буд - Макгрегор ва Поре бо мушт дар рӯй ва тани ҳамидигар заданд, аммо тағйироте набуд.

Дигар аз ҷояш нахест: Поре ба таври муассир Макгрегорро нокаут кард - видео

Даври дуюм ҷолибтар шуд. Макгрегор аллакай ба истифодаи пойҳо ва дастонаш шурӯъ кард. Поре ҳатто якчанд зарбаи дақиқи ирландиро аз даст дода, бо ҳамлаҳои номуваффақ посух дод.

Поре Макгрегорро нокаут кард: навори пурраи муҳориба

Бо вуҷуди ин, вақте даври дуюм қариб хотима меёфт, Поре ҳамлаҳои пай дар пай анҷом дод ва ба тааҷҷуби ҳама, Макгрегорро нокаут кард.

Макгергор чанд лаҳза беҳуш монд ва пас аз ба худ омадан аз ҷой бархост. Пасон маълум шуд, ки Макгрегор сахт маҷрӯҳ шудааст: пойи рости варзишкор мелангид.

Дар охир Поре гуфт аз пирӯзӣ бар Макгрегор дар ҳайрат нест. Варзишкори амрикоӣ дар тӯли фаъолияташ 27 пирӯзӣ ва 6 мағлубият додару рақиби ирландиаш 22 ғолибият ва 5 мағлубият.

Лентаи хабарҳо
0