Дар Бадахшону Хатлон сард, дар Душанбе гарм: обу ҳавои имрӯз дар Тоҷикистон

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевЗима в городе Душанбе
Зима в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маркази обуҳавосанҷии Тоҷикистон хабар додааст, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабру бебориш мешавад

ДУШАНБЕ, 25 янв— Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии ҳавошиносии Тоҷикистон, ҳаво дар  шаҳри Душанбе тағйирёбанда ва бебориш хоҳад буд. Меғ мефарояд. Ҳарорати ҳаво шабона 7-9 ва  рӯзона 3+5 дараҷа гарм  мешавад.

Зима в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Ҳафтаи сарду пурбарф дар Тоҷикистон-акс

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр ва дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Ҳаво  дар водиҳо  шабона 9-14 ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 11-16 ва рӯзона аз 4 дараҷа сард то 1 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 20-25 ва рӯзона 7-12 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона 31-36 ва рӯзона 19-24 дараҷа  хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд камабр ва дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо меғ мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 13-18 ва рӯзона 1-6 дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво камабри бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 5-10 дараҷа сард ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 8-13 дараҷа хунук ва рӯзона 1-6 дараҷа хунук мешавад.

Лентаи хабарҳо
0