Раҳмон аз пандемияву буҳрон гуфт: ҷаҳон чунинро тайи сад сол ёд надошт

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар гуфт, пандемияи коронавирус буҳронеро ба миён овар, ки беш аз сад сол ҷомеаи ҷаҳонӣ ёд надошт

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Раисиҷумҳури кишвар ин нуктаро зимни паёми солонааш ба парлумон изҳор дошта гуфт, пандемия буҳрони шадиди иқтисодию иҷтимоиро ба миён овард, ки вазъи бекорӣ ба таври бесобиқа афзоиш ёфт.

Пешеходы идут по Патриаршему мосту в Москве. - Sputnik Тоҷикистон
Муовини вазир нақшаи ҷалби муҳоҷирон аз Тоҷикистон ба Русияро гуфт

Ба гуфти президент, имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад.

Ӯ гуфт, тибқи гуфтаи таҳлилгарони байналмилал чунин буҳронро тайи 100 соли ахир ҷаҳон ёд надошт.

Раисиҷумҳур гуфт, мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ чунин буҳрони шадиду фарогир дар сад соли охир бори аввал ба миён омада, боиси таназзули ҷиддии иқтисодиёти ҷаҳон гардид.

Тоҷикистон низ дар ин росто дар канор намонд, аммо бо сабаби андешидани чораҳои зарурию саривақтӣ рушди иқтисод муътадил нигоҳ дошт, гуфт президент.

Буҳрон дар пеш аст: Пас аз коронавирус иқтисоди Тоҷикистонро чӣ интизор аст?

Номбурда гуфт, иқтисодиёти кишвар дар соли 2020,  4,5 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар гардид.

Дар ин давра 9,7 фоиз афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ 8,8 ва гардиши савдои хориҷӣ 0,8 фоиз, аз ҷумла содирот дар ҳаҷми 19,8 фоиз заминаи рушди иқтисоди кишварро ба вуҷуд овард.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала