Супориши Раҳмон иҷро шуд: шаҳраки ангиштканон – Шӯроб бо оби нӯшокӣ таъмин шуд

© Sputnik / Нина Зотина / Гузариш ба медиабонкКран-вода: человек моет руки
Кран-вода: человек моет руки - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти Суғд эълон кардааст, ки сокинони шаҳраки Шӯроб бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гашт

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik.  Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд, корҳои сохтмонии хати оби тозаи нӯшокӣ барои сокинони шаҳраки ангиштканон - Шӯроб бо қубурхобонӣ дар масофаи 11,2 км ва ҳам бунёди 2 ҳавзи обнигаҳдории ғунҷоиши ҳар яке 2000 метри мукааб ба анҷом расида аст.

Прокладка труб для обеспечения водой в Исфаре  - Sputnik Тоҷикистон
Шаҳраки ангиштканон - Шӯроб ба оби тозаи нӯшокӣ таъмин мегардад

Гуфтf шудааст, ки иншооти мазкур дар асоси супориши Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар рӯи кор омада, бо ин мақсад аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 14 миллион сомонӣ ҷудо гардид ва алҳол корҳои бунёдӣ дар ин самт вусъати тоза ёфтааст.

Таъкид шудааст, ки корҳои сохтмонию васлкуниро мутахассисон ширкати “Наврӯз - 2003” ба зимма дошта, дар асоси лоиҳа об аз дарёи Исфара, аз деҳаи Чорқишлоқ ба дарозии 11,2 километр тавассути қубурҳои баландфишор ба шаҳраки Шӯроб интиқол дода мешавад.

“Барои пурсамар фаъолият намудани иншоот агрегатҳои нав харидорӣ ва насбу васл карда шудаанд”, - таъкид доштааст манбаъ.

Hоҳбарияти шаҳри Исфара айни замон ҳолати кунунии иншооти хусусикардашудаи шаҳракро мавриди омӯзишу таҳлил қарор дода, ҳамзамон барои тармим ва азнавсозии биноҳои истиқоматӣ, таъмини шароити зарурии зист, бунёди иншооти иҷтимоӣ, афзун гардонидани ҳаҷми истеҳсоли ангишт дар ширкати “Ангишт” якҷо бо идораю сохторҳои ҷумҳурӣ ва вилоятӣ чораҷӯӣ дорад.

Бояд гуфт, ки бо назардошти шаҳраки саноатӣ будани Шӯроб дар замони шӯравӣ миллату қавмҳои гуногун дар он маскун гардида, дар шаҳрак то 15 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ мекард. Ҳоло тибқи ҳуҷҷатҳои бақайдгирии аҳолӣ наздик 3000 нафар умр ба сар мебаранд.

Нақшаи генералии шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара санаи 27 сентябри соли 2017 дар иҷлосияи 12-уми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум тасдиқ гардидааст.

Дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон проблемаи норасоии оби нӯшокии сокинони шаҳрак то ҷашни ҷаҳонии Наврӯз куллан ҳалли мусбии худро хоҳад ёфт.

Лентаи хабарҳо
0