Сатторов: дар Тоҷикистон ҳама интизори бозкушоии марзҳо бо Русия ҳастанд

© Sputnik Посол Республики Таджикистан в РФ Имомуддин Сатторов
Посол Республики Таджикистан в РФ Имомуддин Сатторов - Sputnik Тоҷикистон
Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов сабаби дидору гуфтугӯ бо сардори Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Русия оид ба масъалаҳои муҳоҷират Валентина Казаковаро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik. Ахиран дар шаҳри Маскав  мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов бо сардори Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Русия оид ба масъалаҳои муҳоҷират Валентина Казакова баргузор шуд.

Дар ин дидор дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Русия вобаста ба масоили танзими ҳуқуқии иқомати шаҳрвандони Тоҷикистон, хусусан муҳоҷирони меҳнатӣ, дар ҳудуди Русия мавриди муҳокима қарор гирифт.

Чрезвычайный и Полномочный посол Имомуддин Сатторов на переговорах России и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Манъи вуруди муҳоҷирон бекор шавад: Сатторов бо Казакова мулоқот кард

Сафири Тоҷикистон дар Русия ба Sputnik Тоҷикистон ҷанбаҳои муҳими музокиротро шарҳ дод.

"Тартиби воридшавии муҳоҷирони меҳнатӣ, инчунин суръат бахшидани имзои созишнома дар бахши муҳоҷират, ки ҳоло дар сатҳи баррасии тарафҳо қарор дорад, баррасӣ шуд", - гуфт сафир.

Инчунин сафир қайд кард, ки бо намояндаи ВКД Русия масъалаҳои марбут ба лағви қарорҳо барои манъи воридшавии гуруҳи муайяни шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русияро ба таври муфассал баррасӣ намуданд.

Ҳамзамон зимни мулоқот тарафҳо доир ба механизми ҷалби муташаккилонаи мутахассисон аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия табодули афкор сурат гирифт.

"Имконияти таҳияи механизми ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ барои кор дар соҳаи сохтмонро баррасӣ кардем", - қайд кард Сатторов.

Дипломат ёдовар шуд, ки тибқи қарори мақомоти Русия, муҳоҷирони меҳнатӣ бо дархости ширкатҳои сохтмонӣ ба кор дар сохтмонҳо ҷалб карда мешаванд.

Ҷонибҳо инчунин масъалаи қонунигардонии аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатиро низ баррасӣ карданд.

Сатторов зикр кард, ки то ҳол оилаҳое ҳастанд, ки фарзандонашон дар ҳолати ғайриқонунӣ қарор доранд, онҳо наметавонанд ба мактаб ва боғчаҳо раванд ва ин як мушкили ҷиддии иҷтимоӣ аст.

"Агар дар бораи ҳамгироии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия зиндагӣ мекунад, бигӯем, ташрифи кӯдакон ба мактабҳову кӯдакистонҳо имкон медиҳад дар ин сину сол зуд забони русиро аз худ кунанд ва ба ҷомеъа ҳамгиро карда шаванд", - гуфт Сатторов.

Ба ақидаи сафир, агар яке аз волидон дар Русия кор кунаду пули патент супорад, пас фарзандаш ҳатман бояд имкон дошта бошад дар мактаб таҳсил кунаду забон биомӯзад.

Министр строительства и ЖКХ России Ирек Файзуллин и посол Таджикистана Имомуддин Сатторов - Sputnik Тоҷикистон
Сатторов бо роҳбари Вазорати сохтмони Русия тақдири муҳоҷирони тоҷикро баррасӣ кард

Сафир дар робита ба масъалаи барқароршавии парвозҳои мустақим миёни Русия ва Тоҷикистон таъкид кард, ки  вазъи эпидемиологӣ дар Тоҷикистон ба таври назаррас беҳтар гардидааст.

"Дар тӯли ду ҳафта дар ҷумҳурӣ ҳолатҳои нави сироятёбӣ ба коронавирус сабт нашудааст, аз ин рӯ ҳоло хатари ворид кардани вирус ба қаламрави Русия хеле кам аст. Ҳама дар Тоҷикистон мунтазири бозкушоии марзҳо ҳастанд, мардум мехоҳанд ба кор биёянд", - илова кард Сатторов.

Сафири Тоҷикистон дар Русия ҳамзамон таъкид доштааст, ки зимни дидор бо Валентина Казакова аҳамияти ҳамоҳангсозии минбаъдаи фаъолият бо мақсади танзими равандҳои муҳоҷират ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон таъкид карда шуд.

Гуфта шудааст, ки дар ин робита, омодагии тарафайн ҷиҳати мусоидат ба анҷоми раванди мувофиқасозии лоиҳаи созишномаҳо дар соҳаи муҳоҷират иброз гардид.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала