"Куллиёт" - и устод Садриддин Айнӣ дар 22 ҷилд чоп мешавад

CC0 / Pixabay / Книга, архивное фото
Книга, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Пас аз вафоти устод, соли 1928 бо қарори Ҳукумат китоби Садриддин Айнӣ бояд дар 15 ҷилд чоп мешуд, вале ҳоло танҳо 13 ҷилди он ба чоп расидааст

ДУШАНБЕ, 29 январ - Sputnik. "Куллиёт" - и асосгузори адабиёти муосири тоҷик ва Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ дар 22 ҷилд таҳия ва чоп мешавад, хабар медиҳад агентии Ховар.

Скульптурная фигура гладиатора - Sputnik Тоҷикистон
Озар – гладиатори тоҷик, дӯсти Спартак, шаҳрванди Рим ва чеҳраи ношинохтаи таърих

Ба иттилои манбаъ, 10 ҷилди осор алаккай барои чоп ба нашриёт супурда шуда, ҷилдҳои боқимондаи он низ рӯзҳои наздик барои чоп ирсол мегарданд.

"Ишқи сархӯр": нашри китоби нави Кароматуллоҳи Мирзо

Бояд зикр намуд, ки пас аз вафоти устод, соли 1928 бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистон  бояд  дар 15 ҷилд нашр мегардид. То ин  замон  13 ҷилди он ба нашр расидааст.

Ба "Куллиёт"-и нав бахшҳое, ки ба тақозои сиёсати давр дар китоби пештара ворид нашуда буданд, илова гардида, ду ҷилди охири он осори ба забони ӯзбекӣ таҳияшудаи нависандаро дар бар мегирад.

Устод Садриддин Айнӣ 15 июли 1954 дар шаҳри Душанбе аз олам чашм пӯшид. Ҳоло Мақбараи Айнӣ дар як ҷои хушманзараи Душанбе зиёратгоҳи аҳли адаб аст. Ин мавзеъро ҳоло Боғи фароғат ва истироҳати ба номи Садриддин Айнӣ мегӯянд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала