Панҷгоникҳо аз беморхона мураххас шуданд: дар Қубодиён ё Душанбе соҳиби хона мешаванд?

© Министерство здравоохранения РТМать пятерых детей выпустили из родильного отделения
Мать пятерых детей выпустили из родильного отделения - Sputnik Тоҷикистон
Бо гузашти як моҳ, нахустин панҷгоникҳое, ки дар Тоҷикистон таваллуд шуданд аз бемористон мураххас шуданд

ДУШАНБЕ, 29 январ - Sputnik. Дар Муассисаи давлатии "Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон" имрӯз нахустин панҷгоникҳое, ки рӯзи 30 декабр таваллуд шуда буданд, мураххас шуданд, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ.

Ба иттилои манбаъ, табибон вазъи саломатии ҳар панҷ кӯдак ва модари онҳоро хуб арзёбӣ мекунанд.

© Министерство здравоохранения РТМать пятерых детей выпустили из родильного отделения
Панҷгоникҳо аз беморхона мураххас шуданд: дар Қубодиён ё Душанбе соҳиби хона мешаванд? - Sputnik Тоҷикистон
Мать пятерых детей выпустили из родильного отделения

Котиботи Вазорати тандурустӣ мегӯяд, дар расми гусели Дилноза Маматова ва панҷ навзоди ӯ муовини вазири тандурустӣ Зулфия Абдусаматзода, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва роҳбарияти муассисаи мазкур иштирок намуданд.

Боксы с малышами - Sputnik Тоҷикистон
Се духтару ду писар: сокини ноҳияи Қубодиён панҷгоник таввалуд кард

Нахустин панҷгоникҳоро дар Тоҷикистон истиқоматкунандаи деҳаи Б.Ғафурови ноҳияи Қубодиён Дилноза Маматова ба дунё овард.

Гуфта шуд, ки зан аз 11 декабри соли равон дар муассисаи мазкур зери назорати табибон қарор дошт ва 30 декабр таваллуд кард.

Пас аз таваллуди муваффақи панҷ кӯдак роҳбарияти вилояти Хатлон ба волидони онҳо ваъда дод, ки дар канори манзили бобоияшон дар Қубодиён ба онҳо манзили зист бо тамоми шароит сохта ва ҳадя мекунад.

Ду духтар ва ду писар: зане дар Душанбе чоргоник таваллуд кард

Вале падари ин хонавода Раҳмон Нурмуродов дар сӯҳбат ба расонаҳои дохилӣ изҳор доштааст, ки шароити деҳа вазнин аст ва тарбия намудани панҷ кӯдак барои ӯву ҳамсараш мушкилӣ дорад. Ин оилаи ҷавон ба ҷузъ аз панҷ кӯдаки навзод боз ду фарзанди бузургтар низ доранд.

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, вазъи сиҳатии модар ва кӯдакони навзодро таҳти назорат мегиранд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала