Соломатина хабарҳои пирӯзии Тоҷикистон бар COVID-19 – ро шарҳ дод

© Sputnik / Александр Натрускин / Гузаштан ба хазинаи аксЧлен комитета ГД по охране здоровья, кандидат медицинских наук Татьяна Соломатина
Член комитета ГД по охране здоровья, кандидат медицинских наук Татьяна Соломатина - Sputnik Тоҷикистон
Татяна Соломатина, номзади илмҳои тиб ва вакили Думаи давлатии Русия хабарҳо дар бораи пирӯзии Тоҷикистон бар коронавирусро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 29 янв – Sputnik. Татяна Соломатина, узви Кумитаи ҳифзи тандурустии Думаи давлатии Русия, мегӯяд, гап дар бораи махсусиятҳои генетикии сокинони Тоҷикистон нест.

Скорая помощь в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати тандурустӣ омори нави коронавирус дар Тоҷикистонро нашр кард

“Шояд гап дар маҳдудиятҳои кофӣ бошад, аммо ба ҳар сурат коронавирус ҳеч куҷо гум нашудааст. Дар ҳоле ки дар тамоми ҷаҳон мавҷуд аст. Баъзан мо хостаро ба ҷои буда нишон медиҳем”, - изҳор дошт Соломатина дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Вакили Думаи давлатӣ инчунин аз эҳтимолияти анҷом нашудани ташхисҳои кофӣ дар ҷумҳурӣ суҳбат карда, изҳор дошт, шояд мутахассисон ҳам нарасанд.

Ӯ таъкид намуд, ки бо вуҷуд касе кафолат намедиҳад, ки хуруҷи нави коронавирус дар ҷумҳурӣ рух нахоҳад дод.

Ба гуфтаи Соломатина, гирифторшавӣ ба коронавирус дар тамоми ҷаҳон майли камшавӣ дорад, аммо гуфтан дар бораи пирӯзии пурра бар ин беморӣ ҳанӯз барвақт аст.

Тибқи иттилои расмӣ тайи наздик 20 рӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба COVID-19 ба қайд гирифта нашудаст. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, дар маҷмуъ дар кишвар 13 ҳазору 308 нафар гирифтори COVID-19 шуданд, ки 13218 нафар ё 99,3% шифо ёфта,  90 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала