Тағйироти кадрӣ: Азим Иброҳим раиси идораи роҳҳо дар Суғдро таъйин кард

© Foto / Хадамоти матбуоти ҳукумати ҚирғизистонЗаместитель премьер-министра Таджикистана Азим Иброхим, архивное фото
Заместитель премьер-министра Таджикистана Азим Иброхим, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон, бо судури фармон, роҳбари Муассисаи давлатии идораи роҳҳои автомобилгард дар вилояти Суғдро таъйин намуд

ДУШАНБЕ, 29 янв – Sputnik. Бо фармони вазири нақлиёти Тоҷикистон, Шуҳрат Ашӯрзода ба ҷойи Ҳоҷарой Латифӣ, роҳбари Муассисаи давлатии идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди вилояти Суғд таъйин гардидааст.

Неделя культуры Бадахшана в Согде - Sputnik Тоҷикистон
Садҳо ҷӯроби помирӣ: тӯҳфа ба кӯчарӯбҳои пойтахт барои меҳнати пурмашаққат - навор

Манобеъ аз ҳукумати вилояти Суғд ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, муаррифии Ашӯрзода ҳафтаи гузашта сурат гирифт.  

“Сабаби барканории Ҳоҷарой Латифӣ расидан ба синни нафақа гуфта мешавад”, - иттилоъ дод манбаъ.

Роҳро тоза накарданд: Вазири нақлиёт як кормандашро озоду дуи дигарро танбеҳ дод

Латифӣ ягона зани роҳбар дар мақоми сардори идораи роҳҳои вилоят ба шумор мерафт, ки тайи панҷ соли охир фаъолият намудааст.

Дар мавриди роҳбари нави идораи роҳҳои Суғд зикр гардид, ки Ашӯрзода то омадан ба ин мансаби нав, роҳбари Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буд.

Рука в гипсе - Sputnik Тоҷикистон
Муроҷиати 64 нафар дар Хуҷанд: баъзеҳо рӯи ях лағжида, дасту пояшон шикаст

Муассисаи давлатии идораи роҳҳои автомобилгард дар вилояти Суғд, дар 14 шаҳру навоҳии вилоят идораҳои тобеъ дорад. 

Ин ниҳод таъмиру тармим ва нигоҳдории 3 ҳазору 285, 7 километр аз ҷамъи роҳҳои истифодаи умумро дар тавозун дорад.  Дар маҷмуъ дар вилояти Суғд 8 ҳазору 180 километр роҳҳои истифодаи умум мавҷуданд, ки нигаҳдории онро инчунин хоҷагиҳои манзилию комуналӣ ва ширкати хусусӣ дар ихтиёр доранд.

Ҳамасола дар Тоҷикистон ронандаҳо ва соҳибони воситаҳои нақлиёт андоз месупоранд, ки андозаи он аз рӯи ҳар як "қувваи асп"-и муҳаррики нақлиёт ҳисоб карда мешавад. Соли ҷорӣ ҷорӣ ин намуди андоз каме гаронтар аз соли гузашта 4,5 сомонӣ муқаррар шудааст. Барои 75 “қувваи асп”, ки ин ченаки миёнаи иқтидори муҳаррики нақлиёти бисёри сокинон ба ҳисоб меравад 326 сомонӣ андози роҳ ситонида мешавад. Аммо бахши аъзами ронандаҳо дар бораи вазъи хароби роҳҳои нақлиётгузар таъкид меварзанд.

Лентаи хабарҳо
0